Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 5539 гектар шолӣ кишт намуданд
ТУРСУНЗОДА, 13.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Деҳқонони шаҳри Турсунзода соли равон майдони кишти шолиро боз ҳам васеътар намуда, дар 5 ҳазору 539 гектар шолӣ кишт намуданд, ки бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳосилнокии он боз ҳам афзун мегардад.
Ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» аз Раёсати кишоварзии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд, ки кишоварзони шаҳр дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар кишти асосӣ дар 1700 гектар шолӣ кишт намудаанд. Инчунин дар кишти такрорӣ дар 3839 гектар шолӣ кишт кардаанд, ки ҳоло давраи ғизодиҳии он идома дорад. Кишоварзони шаҳр бештар навъҳои шолии «Лазер» ва «Юбилейний» кишт менамоянд, чунки талаботи сокинон ба ин навъҳои биринҷ зиёд аст.
Шоликорӣ дар шаҳри Турсунзода яке аз соҳаҳои сердаромади кишоварзон ба ҳисоб меравад. Деҳқонони шаҳр дар танзим намудани нархи биринҷ дар бозорҳои ҷумҳурӣ саҳми арзанда доранд. Чунки онҳо бо меҳнати ҳалол истеҳсоли шолиро зиёд намуда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда мегузоранд. Ҳамин аст, ки имсол дар кишти такрорӣ ба ҷойи 3623 гектар дар 3839 гектар шолӣ кишт карда шуд. Дар айни замон нашъунамои шолӣ хуб буда, ҳамаи ин заминҳо бо оби полезӣ таъмин мебошанд.
Мувофиқи нақшаи тасдиқгардида, дар шаҳри Турсунзода бояд дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар 8950 гектар кишти такрории ғалладонагиҳо, шолӣ, полезӣ, сабзавот ва хӯроки чорво гузаронида мешуд. Кишоварзони шаҳри Турсунзода ба хотири самаранок истифода намудани заминҳои корам дар 9831 гектар кишти такрорӣ гузарониданд, ки 109,84 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Мувофиқи ҳисоботи оморӣ, кишоварзони шаҳри Турсунзода дар кишти такрорӣ дар 7059 гектар ғалладонагӣ, дар 310 гектар полезӣ, дар 1200 гектар сабзавот ва дар 1240 гектар зироати хӯроки чорво кишт намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






