Масоили таҳкими ҳамкорӣ байни академияҳои илмҳои Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид

Сентябрь 16, 2026 16:51

ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масоили рушди ҳамкории илмӣ 15 сентябр дар Душанбе зимни мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо ҳайати Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин таҳти роҳбарии вакили Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Син Гуанчен баррасӣ гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои густариши робитаҳои академӣ, таҳкими ҳамкорӣ байни академияҳо ва дигар масъалаҳои соҳа муҳокима шуданд.

Иброз гардид, ки ҳамкории илмӣ ва академӣ яке аз самтҳои муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Чин ба ҳисоб рафта, рушди робитаҳо байни муассисаҳои илмии ду ҷумҳурӣ барои анҷом додани таҳқиқоти муштарак, мубодилаи таҷриба ва дониш, баргузории ҳамоишҳои илмӣ ва омодасозии кадрҳои илмӣ имконияти васеъ фароҳам меорад. Яке аз самтҳои муҳими ҳамкории илмии ду мамлакатро омӯзиши таърихи муштарак ва мероси ғании фарҳангии Тоҷикистон ва Чин ташкил дода, баргузории экспедитсияҳои муштараки илмӣ, таҳия ва нашри асарҳои илмии муштарак ба рушди ҳамкории академӣ мусоидат менамояд.

Ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории илмӣ ва академӣ, густариши робитаҳо байни олимону муҳаққиқон ва татбиқи барномаҳою лоиҳаҳои муштараки илмӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 16, 2026 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи дурнамои ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд