Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Италия зимни вохӯрии Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода бо роҳбарияти Институти байтории Италия масъалаи идомаи ҳамкории техникӣ баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи бехатарии озуқаворӣ хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лабораторияҳои институт мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Таъкид гардид, ки ташкили чунин омӯзишҳо барои таҳкими иқтидори ташхисии лабораторияҳои Тоҷикистон ва татбиқи талаботи байналмилалӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Роҳбарияти институт низ барои ҳамкории мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби мутахассисони тоҷик ба чорабиниҳои омӯзишӣ изҳори сипос намуда, барои идомаи ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Мусоҳибон инчунин масъалаи Аккредитатсияи байналмилалии лабораторияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла мутобиқ намудани низоми идоракунии сифат, ҳуҷҷатгузорӣ, баланд бардоштани салоҳияти кормандон ва гузаронидани санҷишҳои лабораториро баррасӣ намуданд.
Дар фарҷом ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкории илмӣ-техникӣ, идомаи омӯзиши мутахассисон, табодули таҷриба ва дастгирии раванди аккредитатсияи байналмилалии лабораторияҳои Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






