Мавсума Муинӣ бо роҳбари ҳайати Подшоҳии Баҳрайн Аҳмад Алсаллум вохӯрӣ намуд

Сентябрь 24, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо роҳбари ҳайати Подшоҳии Баҳрайн Аҳмад Алсаллум вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Иброз шуд, ки муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Подшоҳии Баҳрайн бар пояи эътимод ва эҳтиром бунёд ёфта, бо иродаи сиёсии роҳбарони ду давлат рушду тавсеа меёбанд. Муносибатҳои дӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Подшоҳии Баҳрайн Аълоҳазрат Шайх Ҳамад ибни Исо Оли Халифа барои рушди робитаҳои дуҷониба заминаи арзишманд гузоштаанд.

Гурӯҳҳои дӯстӣ, ҳамкории кумитаҳои соҳавӣ, мубодилаи таҷрибаи қонунгузорӣ ва сафарҳои мутақобили вакилон метавонанд ин робитаҳоро боз ҳам устувор созанд. Муколамаи парламентӣ бояд ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши ҳамкорӣ мусоидат намояд. «Ҳадафи вохӯрии имрӯзаи мо баррасии муносибатҳои дуҷониба дар доираи Ассамблеяи парламентии Осиё ва муайян намудани роҳҳои таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ мебошад. Ба назари мо, ассамблея метавонад майдони рушди робитаҳои байнипарламентӣ, густариши ҳамкории кумитаҳои соҳавӣ ва табодули таҷрибаи қонунгузорӣ бошад»,- изҳор намуд Мавсума Муинӣ.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги обию энергетикӣ, имконоти  васеи кишоварзӣ, захираҳои табиӣ ва иқтидори рӯзафзуни саноатӣ мебошад. Баҳрайн бо таҷрибаи худ дар соҳаҳои молия, сармоягузорӣ, тиҷорат ва рушди бахши хусусӣ барои мо шарики ҷолиб аст. Пайванди ин имконот метавонад ба манфиати иқтисоди ду кишвар ва мардумони мо бошад. Энергетикаи «сабз», саноат, кишоварзӣ, коркарди маҳсулот, инфрасохтор ва сайёҳӣ метавонанд самтҳои нави ҳамкории мо гарданд.

Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон ва ҷаҳони араб робитаҳои қадимии фарҳангӣ ва тамаддунӣ доранд. Табодули донишҷӯён, олимон, омӯзгорон ва аҳли фарҳанг низ метавонад ин робитаро устувор нигоҳ дорад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Сентябрь 24, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон