Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар шаҳри Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардида, то 9 октябр идома меёбанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар Бозиҳои 20-уми Делфӣ иштирокчиён аз 9 давлати ҷаҳон аз рӯйи номинатсияи фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ, созҳои нафасӣ, сарояндаи академӣ, анъанавӣ, эстрадӣ ва рақси халқӣ ҳунарнамоӣ менамоянд. Ҳадафи баргузории Бозиҳои Делфӣ — дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи зебоишиносӣ, маънавиёти наврасону ҷавонон ва тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ мебошад.
Бозиҳои Делфӣ аз соли 582 пеш аз милод ҳисоб карда мешаванд. Номи пешинаи он Пиф буд. Беш аз 1600 сол пеш ин бозиҳо манъ гардида, танҳо аввали асри XX эҳё карда шуданд. Аз соли 1927 то 1930 дар Юнон ҷашнвораи Делфӣ баргузор шуд.
Давраи нави Бозиҳои Делфӣ соли 2000 оғоз ёфт ва бо иштироки 27 давлат дар Русия аввалин Бозиҳои Делфии ҷаҳонӣ баргузор гардиданд. Дар он аз рӯи 18 номинатсия 938 нафар иштирок карданд ва доварон намояндагони 13 мамлакат буданд. То имрӯз 19 бозии Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузаронида шудааст.
АКС аз бойгонӣ








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






