«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 03.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши инфиродии асарҳои устоди шуҳратёр, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Сабзаалӣ Шариф таҳти унвони «Модарнома» ифтитоҳ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба осорхона.
Зимни ифтитоҳи намоиш иштирокдорон саҳми арзандаи устод Сабзаалӣ Шарифро дар рушди санъати тасвирии миллӣ, тарғибу муаррифии таъриху фарҳанги тоҷикон, таҷассуми симои модар дар эҷодиёти ӯ, инчунин хизматҳои бисёрсолаи устодро дар рушди санъати монументалӣ-ороишии Тоҷикистон таъкид намуданд.
Дар намоиш зиёда аз 30 асари рассом аз хазинаи тиллоии Осорхонаи миллӣ ва коллексияи шахсӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Осори намоишӣ паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти Сабзаалӣ Шарифро фаро гирифта, меҳру эҳтиром ба модар, арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон, табиати зебои Тоҷикистон ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро инъикос менамоянд.
Меҳвари асосии намоишро асарҳои деворнигорӣ, аз ҷумла «Аз давра ба давра», «Аз дида ба дида», «Аз дуриҳо ба нуриҳо» ва «Аз нуриҳо ба фарозиҳо» ташкил медиҳанд. Дар ин асарҳо таърихи пурифтихори миллати тоҷик, фарҳангу тамаддуни он ва арзишҳои маънавию миллӣ бо истифода аз забони хоси санъати тасвирӣ таҷассум ёфтаанд.
Муҳтавои намоиши «Модарнома» тавассути асарҳои наққошӣ таърихи тоҷикон ва ниёгони онҳо, ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, арҷгузорӣ ба забони модарӣ, чеҳраҳои шинохтаи илму фарҳанги тоҷикон ва хизмати мондагори онҳоро дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ инъикос менамояд. Дар мусаввараҳои намоишгоҳ талошҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи сарҷамъ намудани тоҷикони ҷаҳон, дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ ва таърихи пуршукуҳи тоҷикон инъикос гардидаанд.
Яке аз мавзуъҳои асосии эҷодиёти устод симои зан-модар мебошад. Рассом дар асарҳояш модарро ҳамчун рамзи меҳру муҳаббат, зиндагӣ, вафо, саодат ва бақои наслҳо тасвир намуда, тавассути ранг ва шакл эҳсоси гарми инсонӣ ва муҳаббат ба Ватанро ба бинанда мерасонад.
Инчунин гуфта шуд, ки эҷодиёти Сабзаалӣ Шариф бо таъриху фарҳанги миллӣ пайванди ногусастанӣ дошта, давоми беш аз панҷ даҳсолаи фаъолияти эҷодӣ тавонистааст дар рушди санъати монументалӣ-ороишӣ ва санъати тасвирии муосири Тоҷикистон саҳми арзанда гузорад.
Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф муаллифи асарҳои муҳимми санъати монументалӣ буда, дар офаридани рамзҳои ҳокимияти президентӣ, аз ҷумла Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас дорад.
Намоиши инфиродии асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф таҳти унвони «Модарнома» барои дӯстдорони санъат, муҳаққиқон, аҳли фарҳанг ва ҷомеаи кишвар имкони хуб фароҳам меорад, ки бо осори гаронбаҳои устоди санъати тасвирии тоҷик аз наздик шинос шаванд.
Намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф дар Осорхонаи миллӣ то 2 октябри соли 2026 идома ёфта, дӯстдорони санъати рассомӣ метавонанд бо ҷаҳони рангини эҷодиёти яке аз чеҳраҳои намоёни санъати тасвирии Тоҷикистон шинос гарданд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд






