НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 01.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик танҳо воқеаи муҳими таърихӣ нест, балки марҳалаи бузурги давлатсозӣ ва эҳёи давлатдории миллӣ аст. Ин марҳилаест, ки дар он миллат аз озмоишҳои сахт гузашта, сулҳу ваҳдатро барқарор намуд, давлатдории миллии худро таҳким бахшид, иқтисодро эҳё ва мавқеи худро дар ҷомеаи байналмилалӣ устувор гардонида, ба марҳалаи нави рушди стратегӣ ворид шуд.
Занони тоҷик дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди илму маориф, тарбияи насли наврас, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешрафти ҷомеа саҳми арзанда доранд.
Дар ҳамоиш намояндагон аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар иштирокдорон оид ба саҳми занон дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат ибрози назар намуданд.
Иброз гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои иштироки васеи занон дар равандҳои сиёсӣ, қонунгузорӣ, идоракунии давлатӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ имконоти мусоид фароҳам оварда шуда, мавқеи зан дар ҷомеа тадриҷан таҳким ёфт.
Фаъолияти занони олим ва муҳаққиқ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди неруи зеҳнии мамлакат арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки онҳо дар таҳияи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ба даст овардани натиҷаҳои нави илмӣ, омодасозии кадрҳои ҷавон ва интиқоли таҷрибаи илмӣ ба насли нав нақши муҳим доранд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд






