Намояндаи доимии Тоҷикистон дар нишасти ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ иштирок намуд

Сентябрь 1, 2026 09:33

ДУШАНБЕ, 01.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ нишасти ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ барои интихоби Дабири кулли нави Созмони ҳамкории исломӣ ва инчунин баррасии вазъ дар Фаластин баргузор шуд. Дар кори он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ Акрам Каримӣ иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ хабар доданд, зимни нишаст собиқ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Мавритания Исмоил валад Шайх Аҳмад ба ҳайси дабири кулли нави Созмони ҳамкории исломӣ интихоб гардид.

Акрам Каримӣ дар баробари дигар масъалаҳои рӯзномаи нишаст оид ба вазъ дар Ховари Миёна сухан кард. Дар ин росто, намояндаи мамлакат ба аҳаммияти ташаббуси ҷаҳонии нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036», ки 25 июни соли равон бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ишора намуд.

Иброз гардид, ки ин иқдоми арзишманди Тоҷикистон зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд.

Аз кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар раванди татбиқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» саҳм гузошта, ҳамкории дастҷамъонаро дар ин самт таҳким бахшанд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ

Сентябрь 1, 2026 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд