Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 19.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 18 сентябр дар вилояти Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон Ситоди байналмилалии ҳамоҳангсозӣ оид ба баргузории амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» баргузор гардид, ки дар кори он намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон хабар доданд, ба амалиёт намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои мубориза бо маводи нашъаовар, мақомоти сарҳадӣ ва гумрукии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҷалб гардиданд.
Дар ҷараёни фаъолияти ситод мубодилаи фаврии иттилоот ва ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак доир шуда, масъалаҳои пешгирии роҳҳои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, муқовимат ба ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар фазои иттилоотӣ, инчунин истифодаи воситаҳои муосири техникӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардиданд.
Дар натиҷаи амалиёт теъдоди зиёди ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ошкор гардида, фаъолияти озмоишгоҳҳои пинҳонии истеҳсоли маводи нашъаовар пешгирӣ ва миқдори зиёди воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира карда шуданд. Ҳамчунин сомонаҳои интернетие, ки барои паҳн намудани маълумоти мамнуъ оид ба маводи нашъаовар истифода мешуданд, масдуд гардиданд.
Дар ҷаласаи ҷамъбастии Ситоди байналмилалии ҳамоҳангсозӣ ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, намояндагони Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай, созмонҳои соҳавии минтақавӣ ва Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ иштирок намуданд.
Иштирокдорон дурнамои таҳкими минбаъдаи ҳамкории амалӣ ва иттилоотию таҳлилиро дар самти мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ оид ба маводи нашъаовар баррасӣ карданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон








Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






