Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 07.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» бо насби трансформатори қуввагии 110/35/10 кВ бо иқтидори 10 000 кВА ба истифода дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар шаҳри Бохтар аз зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Навобод» боздид намуда, бо вазъи фаъолияти иншоот, корҳои анҷомдода ва тадбирҳои минбаъдаи рушди инфрасохтори энергетикии шаҳр шинос гардид.
Мавриди истифода қарор гирифтани навбати дуюми зеристгоҳ барои баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти барқ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии барқрасонӣ ва фароҳам овардани имконияти иловагӣ барои таъмини рушди шабакаҳои барқии шаҳри Бохтар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон вазир бо мавзеи зеристгоҳи нави бунёдшавандаи 110/35/10 кВ дар шаҳри Бохтар шинос шуд.
Зеристгоҳҳои нав ва тавсеаи иқтидори мавҷудаи интиқолу тақсимоти неруи барқ дар таъмини талаботи рӯзафзуни аҳолӣ, соҳаҳои иқтисоди шаҳри Бохтар ва беҳтар намудани сифати барқрасонӣ ва таҳкими устувории шабакаи энергетикӣ нақши муҳим хоҳанд дошт.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






