Нигина Ализода дар Форуми илмии «Шуоъҳои умед: татбиқи ваъдаи кумаки саратоншиносӣ» дар Вена иштирок намуд

Сентябрь 16, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Вена дар доираи 70-умин Конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода дар Форуми илмии «Шуоъҳои умед: татбиқи ваъдаи кумаки саратоншиносӣ» иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия хабар доданд, муовини вазир дар форум оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти табобати шуоӣ ва саратоншиносӣ, инчунин ҳамкорӣ дар доираи «Барномаи миллии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ барои солҳои 2025-2030» маълумот манзур намуд.

Ҳамчунин омодагии Тоҷикистон барои табодули таҷрибаи пешрафта, тавсеаи шарикии байналмилалӣ дар самти рушди кумаки муосири саратоншиносӣ, бехатар ва дастрас таъкид гардид. Гуфта шуд, ки таҷрибаи Тоҷикистон бо ташаббуси «Шуоъҳои умед» ба таъмини дастрасии баробари аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббии марбут ба он созгор аст.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия

Сентябрь 16, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид