Оид ба 35 ташаббуси созандаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 14.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе оид ба 35 ташаббуси созандаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Иштирокдорони конференсия оид ба аҳаммияти Истиқлоли давлатӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот, аҳаммияти ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар самти таҳсилоти касб, дастовардҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ибрози андеша намуданд. Инчунин масъалаҳои марбут ба омодасозии кадрҳои соҳибкасб, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоид барои донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иброз гардид, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати созандаву дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди илм, таҳкими иқтидори илмӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос имконияти нав фароҳам омада, илм ба яке аз омилҳои муҳими рушди устувори ҷомеа ва пешрафти мамлакат табдил ёфтааст.
Таъкид шуд, ки дар ин давра соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфта, барои рушди он тадбирҳои пайваста амалӣ мегарданд. Таъмини муассисаҳои таълимӣ бо шароити муосир, беҳтар намудани сифати таълим, амалӣ намудани технологияҳои нав аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок маҳсуб мешаванд. Имрӯз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар омода намудани кадрҳои соҳибкасб, баланд бардоштани сатҳи маърифати касбии ҷавонон ва қонеъ намудани талаботи бозори меҳнат нақши муҳим доранд.
Дар фарҷоми ҳамоиш ба як зумра кормандону омӯзгорон барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи таҳсилоти касбӣ, инчунин ба донишҷӯёне, ки дар чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва озмунҳои муассисавӣ фаъолона иштирок намуданд, мукофотҳои соҳавӣ, Ифтихорнома ва Сипоснома тақдим карда шуданд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд






