ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО: МУАРРИФИИ МИЛЛАТИ АРҶГУЗОР БА ИЛМУ ДОНИШ. Мулоҳизаҳо дар ин хусус
ДУШАНБЕ, 08.09.2026 /АМИТ«Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мавриди хизматҳои Абӯалӣ ибни Сино дар таҳкими илми тиб иброз намудаанд, ки «Ибни Сино парчамбардори бедории афкори миллӣ ва бунёдгузори пойдевори илми ҳазорсолаи мост».
I. Миллате, ки ба хираду дониш арҷ мегузорад
Аҷдоди тоҷикон бо хирад, илм, дониш ва истеъдод дар тамаддуни башарӣ саҳми барҷастае гузоштаанд, ки назираш хеле кам аст. Маҳз ҷаҳонбинӣ ва тафаккури пешқадами аҷдоди мо боис шуд, ки давоми таърих ҳамчун миллати тамаддунофар ва арҷгузор ба илму дониш сабт шавем.
Дар ҳар марҳалаи таърихӣ тоҷикон ба тамаддуни башарӣ арзишҳо ва падидаҳое эҳдо менамуданд, ки раванди рушди ҳаёти инсониро метезонид. Махсусан, дар асри X (даҳум) — замоне, ки нахустин давлатдории мутамаркази миллии тоҷикон арзи вуҷуд кард — саҳмгузориҳо ба тамаддуни башарӣ ба сатҳи олӣ расид. Давраи ҳукумати Сомониёнро маҳз бо назардошти рушди босуръати илму дониш замони тиллоӣ ном бурдаанд, ки бесабаб нест. Дар ҳамин давра Бухорову Самарқанд, Балху Марв ба марказҳои бузурги илмии ҷаҳони онрӯза табдил ёфта, китобхонаи дарбори Сомониён, ки дар сарчашмаҳо бо номи «Хазоин-ул-ҳикмат» ёд шудааст, яке аз ганҷинаҳои беназири дониши он аср ба ҳисоб мерафт. Яке аз нобиғаҳои илми тоҷик Абӯалӣ ибни Сино маҳз дар ҳамин давра зуҳур кардааст.
Дар таърихи тамаддуни башарият шахсиятҳои миллие ба воя расида, аз ҷиҳати истеъдоди фавқулода, нубуғи андеша, заковати олӣ ва афкори инсонпарваронаашон ташаккул меёбанд, ки маҳсули афкору андешаашон аз ҳудуди замону макон фаротар рафта, эътирофу эҳтироми ҷаҳонӣ пайдо мекунанд ва ба рамзи ҳувият, худшиносӣ ва ифтихори миллии он миллат табдил меёбанд.
Чунин шахсиятҳо агар барои юнониён Арасту, барои олмониён Гёте, барои англисҳо Шекспир, барои фаронсавиҳо Гюго, Волтер, Монтескиё, барои чиниҳо Конфутсий ва барои русҳо Ломоносову Сиолковский, Менделееву Павлов ва чандин нафарони дигар бошанд, барои тоҷикон яке аз барҷастатарин чунин шахсиятҳо дар радифи ҳазорҳо фарзандони донишманди ин миллат, бешубҳа, Абӯалӣ ибни Сино мебошад, ки дар замони ҳукумати Сомониён зуҳур карда, дар илми тиб ва фалсафа як навъ инқилобро ба вуҷуд овард. Абӯалӣ ибни Сино на танҳо донишманди бузурги асри миёна, балки яке аз шаҳсутунҳои тамаддуни ҷаҳонӣ, ситораи дурахшони илму фарҳанги тоҷик ва рамзи ҷовидонаи неруи зеҳнии миллати тоҷик аст.
Дар замоне, ки ҷаҳон таҳаввулоти бузурги техникиро аз сар гузаронида истодааст, ихтирои зеҳни сунъӣ ва рақамикунонии ҳама соҳаҳо ҷомеаро ба сӯйи иқтисодиёти донишбунёд ва рақобати зеҳнӣ ҳаракат медиҳад, бозгашт ба мероси шахсиятҳое, чун Абӯалӣ ибни Сино на танҳо як иқдоми фарҳангӣ, балки то як андоза зарурати барномавии ҳифзи арзишҳои миллӣ маҳсуб мешавад. Зеро дар асри технологияҳои рақамӣ бартарии миллатҳо на бо захираҳои табиӣ, балки бо сармояи зеҳнӣ ва суннати илмии онҳо муайян карда мешавад.
II. Ташаббуси Пешвои миллат: паёми сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ
Ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб метавон маҳз аз ҳамин дидгоҳ арзёбӣ кард. Ин иқдом паёми сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки Тоҷикистон мехоҳад рушди ояндаи худро бар пояи илм, маърифат, навоварӣ ва эҳёи анъанаҳои бузургу қадимаи тафаккури миллӣ бунёд намояд.
Имрӯз истиқлоли давлатӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки ба корномаи чеҳраҳои мондагори миллат ба таври шоиста арҷ гузошта шавад. Ин ташаббуси Пешвои миллат идомаи муаррифӣ ва соҳибӣ намудани арзишҳои маънавии тоҷикон маҳсуб шуда, имкон медиҳад, ки насли нави ҷомеаи ҷаҳонӣ аз саҳми беназири аҷдоди мо дар тамаддуни башарӣ огоҳ шаванд.
Пешвои миллат дар робита ба хизматҳои мондагори Абӯалӣ ибни Сино чунин таъкид менамоянд: «Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин файласуфон, олимон, табибон ва адибони тоҷику форс буда, дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста дорад. Воқеан, нақши барҷастае, ки Ибни Сино дар таърихи фарҳанги миллат ва башарият гузоштааст, номи ӯро барои аҳли ҷаҳон азиз ва ҷовидонӣ гардонидааст».
Ҳамчунин, раиси Шурои умумиҷаҳонии сулҳ, физики маъруфи фаронсавӣ ва барандаи Ҷоизаи Нобел (соли 1935) Фредерик Жолио-Кюри (1900–1958) доир ба хидматҳои мондагори Ибни Сино чунин тазаккур додааст: «Фаъолияти Ибни Сино, ки бар пояи ҳақиқат ва хирад асос ёфтааст, саҳми бузурге ба тамаддуни ҷаҳонӣ буда, ба хотири ҳамдигарфаҳмии халқҳо хизмат карда, ба инсоният барои сохтмони ояндаи нек кумак мерасонад».
Қобили зикр аст, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб дар асл оғози марҳалаи нави муаррифии Тоҷикистон дар фазои илмии ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
Имрӯз бисёр кишварҳо тавассути марказҳои илмӣ, ҷоизаҳои байналмилалӣ ва ҳамоишҳои ҷаҳонӣ нуфузи худро тақвият медиҳанд. Тоҷикистон низ бо такя ба мероси яке аз бузургтарин нобиғаҳои таърихи башар имкони табдил ёфтан ба маркази муколамаи байналмилалӣ дар соҳаи тибро пайдо мекунад. Он метавонад муҳаққиқон, табибон ва олимони ҷаҳонро атрофи арзишҳое муттаҳид созад, ки ҳазор сол пеш Ибни Сино онҳоро асоси рушди илм медонист. Ба ибораи дигар, ҷоиза барои Тоҷикистон як воситаи муосири «дипломатияи илмӣ» мебошад — воситае, ки бо забони ҳамаи миллатҳо, яъне бо забони дониш, сухан мегӯяд.
III. Мероси илмии Ибни Сино дар оинаи рақаму далелҳо
Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино соли 980 дар деҳаи Афшонаи наздики Бухоро — дар қаламрави давлати Сомониён ба дунё омада, соли 1037 дар шаҳри Ҳамадон аз олам даргузаштааст. Ӯ дар синни даҳсолагӣ Қуръонро аз ёд карда, аз шонздаҳсолагӣ ба омӯзиши тиб оғоз намуд ва дар ҳаждаҳсолагӣ ҳамчун табиби соҳибихтисос эътироф гардид. Табобати муваффақонаи амири Сомонӣ Нуҳ ибни Мансур ба ӯ имкон дод, ки ба китобхонаи нодири дарбори Сомониён роҳ ёбад — маҳз ҳамин ганҷинаи дониш заминаи асосии ташаккули ин нобиға гардид. Ҳамин далел худ нишон медиҳад, ки нубуғи Ибни Сино тасодуфӣ набуда, маҳсули муҳити илмии давлатдории миллии тоҷикон аст.
Мутахассисон осори Ибни Синоро беш аз 450 рисола дар бобҳои мухталифи илм муайян кардаанд, ки то замони мо танҳо 240-то аз онҳо маҳфуз мондаанд. Хусусан, 150-тои он дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар соҳаи илми тиб таълиф шудаанд. Маъруфтарин асарҳои Абӯалӣ ибни Сино «Аш-Шифо», «Донишнома» ва «Ал-Қонун фи-т-тиб» ҳастанд, ки аз бузургтарин донишномаҳои тахассусӣ ва фалсафӣ буда, дар донишгоҳҳои Аврупо асрҳои тӯлонӣ тадрис мешуданд. Аз ин ҷост, ки Абӯалӣ ибни Синоро беҳтарин муаллими башарият дар соҳаи илми тиб мегӯянд.
Таърихи «Ал-Қонун фи-т-тиб» худ далели раднопазири ҷаҳонишавии илми тоҷик аст. Ин асари панҷҷилда дар нимаи дуюми асри XII аз ҷониби Герарди Кремонӣ дар шаҳри Толедо ба лотинӣ («Canon medicinae») тарҷума шуд. Матни лотинии он соли 1473 пурра ба чоп расид, тарҷумаи такмилёфтаи Андреа Алпаго соли 1527 дар Венетсия нашр гардид ва танҳо дар асрҳои XV–XVI беш аз 30 маротиба такрор чоп шуд. Матни аслии арабии он соли 1593 дар Рим ба табъ расид ва аз нахустин китобҳои арабии чопшудаи ҷаҳон гардид. «Ал-Қонун» дар донишгоҳҳои Монпелйе, Салерно, Лёвен ва бисёр донишгоҳҳои Олмон то соли 1650 ҳамчун китоби асосии дарсӣ хизмат кард, дар Донишгоҳи Падуя то соли 1715 ва дар кишварҳои Шарқ то асри XIX аз он истифода мебурданд. Ҳамин тавр, ягон китоби тиббӣ дар таърихи башарият чунин умри дарози илмиро надидааст.
Ибни Сино дар «Ал-Қонун» на танҳо донишҳои мавҷударо ҷамъоварӣ кард, балки бисёр кашфиётро асрҳо пеш аз илми муосир пешбинӣ намуд: ӯ дар бораи сироятёбии бемориҳо тавассути мавҷудоти хурди ба чашм ноаён андеша ронд, барои пешгирии паҳншавии касалиҳои сироятӣ ҷудокунӣ (карантин)-ро тавсия дод, аломатҳои менингит, диабет ва зардпарвинро дақиқ тавсиф кард, робитаи ҳолати рӯҳӣ ва бемориҳои ҷисмониро нишон дода, дар асл асосгузори равиши психосоматикӣ дар тиб гардид. Ин ҳама далели онанд, ки шуҳрати ҷаҳонии ӯ на маҳсули таблиғ, балки натиҷаи арзиши воқеии илмист.
Эътибори ӯ дар Ғарб то ҷое буд, ки Данте Алигйерӣ дар «Мазҳакаи илоҳӣ» (сурудаи IV) номи Ибни Синоро дар қатори бузургтарин хирадмандони таърих ёдовар мешавад, файласуфони машҳури аврупоӣ Роҷер Бэкон ва Фомаи Аквинӣ дар осори худ пайваста ба афкори ӯ такя кардаанд.
Дар машҳуртарин донишгоҳу донишкадаҳои ҷаҳон то асри XIX ба донишҷӯён илми тиб аз рӯи асарҳои Ибни Сино, аз ҷумла асари машҳури ӯ «Ал-Қонун фи-т-тиб» омӯзонда мешуд. Ин воқеият далел бар он аст, ки вақте дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон илм ҳанӯз дар марҳалаи ибтидоии пайдоиш ва инкишоф қарор дошт, як донишманди тоҷик аллакай ба сатҳи ифтихории роҳнамои илмии инсоният расида буд.
IV. Ҳувияти миллии Ибни Сино: далелҳои таърихӣ
Дар бораи мансубияти Абӯалӣ ибни Сино ба ин ё он қавму миллат ҳанӯз ҳам баҳсҳо идома доранд ва мо бояд бо далелҳои муътамад ворисони аслии Сино буданамонро собит намоем.
Дар бисёр сарчашмаҳои илмии ҷаҳонӣ ва ҳатто дар «Энсиклопедияи Бузурги Советӣ» («Большая Советская Энциклопедия»), ки аз ҷониби 25 нафар ҳайати бонуфузи олимону пажӯҳишгарони машҳури шуравӣ таҳия шуда, солҳои 1949–1958 дар 51 ҷилд нашри дуюми он ба табъ расидааст, Ибни Сино ҳамчун донишманди барҷастаи Шарқ ва намояндаи муҳити фарҳангии Осиёи Марказӣ муаррифӣ мешавад.
Қисмати «Ибн-Сина» дар ҷилди 17-уми ин энсиклопедия ӯро яке аз бузургтарин мутафаккирони асрҳои миёна арзёбӣ намуда, тоҷик будани ӯ ва падару модарашро махсус таъкид мекунад ва саҳми ӯро дар рушди фалсафа, тиб, мантиқ, математика ва илмҳои табиатшиносӣ нишон медиҳад.
Ду иқтибосро аз «Энсиклопедияи Бузурги Советӣ» («Большая Советская Энциклопедия») айнан зикр мекунем:
- «АВИЦЕННА — выдающийся таджикский философ, учёный и писатель 11 в. См. Ибн-Сина».
- «ИБН-СИНА, Абу-Али (латинизированное — Авиценна) (ок. 980–1037) — выдающийся таджикский философ, естествоиспытатель, врач, математик, поэт, самостоятельный и оригинальный мыслитель… Отец И. С. — Абдаллах, таджик из Балха… Мать И. С. — таджичка Сетард или Ситарбону из с. Афшана…».
Иқтибоси якум аз саҳифаи 114-уми ҷилди 1-ум, ки соли 1949 нашр шудааст, гирифта шуда, иқтибоси дуюм аз ҷилди 17-уми китоб аст, ки соли 1952 ба табъ расида, дар саҳифаҳои 257–258 дарҷ шудааст (дар адабиёти илмии тоҷикӣ номи модари Ибни Сино бештар дар шакли «Ситора» зикр мешавад).
Ин далелу таҳлилҳо собит менамоянд, ки ҳатто илми шӯравӣ наметавонист мавқеи фавқулодаи Ибни Синоро дар таърихи тамаддуни башар нодида бигирад.
Бо вуҷуди ин, давоми солҳои зиёд баъзе доираҳо кӯшиш намудаанд, ки ҳувияти миллии Ибни Синоро таҳриф кунанд ва ӯро ба миллатҳои дигар мансуб донанд. Дар чунин мавридҳо беҳтарин посух на баҳси эҳсосотӣ, балки пешниҳоди далелҳои сарчашмавӣ, нашри интиқодии осор ва тарҷумаву тадқиқи илмии мероси ӯст.
Дар рисолаи Садриддин Айнӣ «Шайхурраис Абӯалӣ Сино», ки соли 1939 навишта шудааст, вобаста ба мансубияти Абӯалӣ ибни Сино ба миллати тоҷик ва ба муҳити фарҳангию ҷуғрофии давлати Сомониён далелҳои қатъӣ ва боэътимод оварда шудаанд. Яке аз чунин далелҳо ба забони тоҷикӣ навишта шудани асари бузурги ӯ — «Донишнома» аст. Ибни Сино ба ҷуз аз забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ, ки забонҳои расмию давлатии он замон буданд, бо ҳеҷ забони дигаре асар таълиф накардааст.
Устод Айнӣ бо далелҳо собит мекунад, ки Абӯалӣ ибни Сино дар муҳити тоҷикӣ зода шуда, ба камол расидааст. Ӯ яке аз аввалинҳо шуда, дар байни донишмандони шуравӣ тоҷик будани Синоро маҳз бо ҳамин усул зикр мекунад: «Абӯалӣ ибни Сино… бо хоҳиши Алоуддавла китоби «Донишнома»-ро ба забони модарии худ — форсӣ-тоҷикӣ таълиф намуд».
Ин асар, ки дар сарчашмаҳо бо номи «Донишномаи Алоӣ» низ ёд мешавад, нахустин донишномаи фалсафии таърих ба забони форсӣ-тоҷикӣ мебошад. Ибни Сино дар ин китоб барои мафҳумҳои мураккаби мантиқӣ ва фалсафӣ истилоҳоти тоҷикӣ офарид ва бо ин кор заминаи забони илмии моро гузошт. Ҳеҷ олиме ба забоне, ки забони модариаш нест, донишномаи фалсафӣ намеофарад — ва маҳз ҳамин далел аз ҳар баҳси дигар қавитар аст.
Чуноне ки аз таъкидҳои устод Садриддин Айнӣ бармеояд, забони модарии Ибни Сино тоҷикӣ будааст. Айнӣ дар рисолаи худ такрор ба такрор зикр мекунад, ки Сино дар муҳите ба воя расидааст, ки дар он забони гуфтугӯӣ ва адабӣ тоҷикӣ буд.
Фарзонафарзанди миллати тоҷик, шарқшиноси машҳури шуравӣ Бобоҷон Ғафуров дар асарҳои илмӣ ва фаъолияти шарқшиносиаш Абӯалӣ ибни Синоро ҳамчун яке аз бузургтарин шахсиятҳои фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ ва форсу тоҷик, фарзанди миллати тоҷик аз нажоди ориёӣ таҳқиқ ва муаррифӣ кардааст.
Дар осори илмӣ ва хотираҳои олимон як нукта борҳо таъкид шудааст, ки Бобоҷон Ғафуров ҳамеша бо матонат ва далелҳои асосноки илмӣ дар бораи мансубияти миллии нобиғаҳо, аз ҷумла Ибни Сино сухан мегуфт ва онҳоро ҳимоят мекард. Ӯ таъкид менамуд, ки Ибни Сино тоҷик аст, падараш аз сарзамини Балх ва модараш ба минтақаи форсизабонони Осиёи Миёна пайвастагӣ доранд. Ин андешаро Бобоҷон Ғафуров дар шоҳасари арзишманди худ — «Тоҷикон» низ ба таври илмӣ асоснок кардааст.
Нақл мекунанд, ки дар шаҳри Москва маҷлиси бузурге ба муносибати 120-солагии ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ба Русия барпо шуда буд. Бобоҷон Ғафуров дар он иштирок намуда, суханронӣ кард. Ӯ аз ҷумла гуфтааст: «Давоми таърих ҳар миллате намояндаи машҳури худро ба ҷаҳониён додааст. Баъзе бародарон Абӯалӣ Синоро мансуби дигар миллат ба қалам медиҳанд, вале ман дар бораи ин мавзуъ чизе намегӯям, бигузор олимони рус ва дигарон дар ин бора сухан кунанд, ки Сино кӣ буд».
Баъди баромади Бобоҷон Ғафуров Завадовский ном олими чехословакитабор, ки дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Узбекистон кор мекард ва худаш синошинос буд, исбот намуд, ки Абӯалӣ ибни Сино тоҷики асл буда, падараш аз тоҷикони Балх ва модараш аз тоҷикони деҳаи Афшонаи Бухоро будааст. Аҳли маҷлис фикри ин олимро бо кафкӯбиҳои самимӣ пешвоз гирифтаанд.
Вақте ки имрӯз мо дар бораи тоҷик будани Ибни Сино сухан мегӯем, ин на эҳсоси миллӣ, балки воқеияти таърихист, ки дар радифи сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик шинохта шудани Рӯдакӣ ва яке аз бузургтарин шоирони форсизабон будани Фирдавсӣ, ки ҷаҳониён онҳоро эътироф кардаанд, маҳсуб меёбад. Ибни Сино низ парвардаи ҳамин сарзамини таърихӣ буда, ба ҳамин муҳити таърихию фарҳангӣ тааллуқ дорад.
Бузургии Ибни Сино дар он аст, ки тавонист илму фарҳанги тоҷикро ба сатҳи ҷаҳонӣ барорад. Ӯ яке аз аввалин намояндагони миллати тоҷик аст, ки номи худро ҳамчун нобиға дар таърихи илми ҷаҳонӣ ҷовидонӣ сабт намудааст.
V. Аз «Ибни Сино» то «Авитсенна»: сарнавишти як ном
Аз ҳамин ҷост, ки дар илми ҷаҳонӣ Абӯалӣ ибни Синоро бо номи Авитсенна (Avicenna) — шакли лотинишудаи номи донишманди бузурги тоҷик мешиносанд ва ӯ бо ҳамин ном дар асарҳои илмӣ муаррифӣ карда мешавад. Худи ном аз унсурҳои арабию форсӣ таркиб ёфтааст:
- Абӯ (Абу): калимаи арабӣ, ки маънояш «падар» аст;
- Алӣ: номи шахсӣ, ки дар забони арабӣ ба маънои «баландмақом», «бузург» ва «баланд» меояд;
- Ибн: дар забони арабӣ маънои «писар»-ро дорад;
- Сино: номи яке аз ниёгони дури олим аст, ки насаби хонаводагӣ аз он гирифта шудааст.
Мувофиқи анъанаи номгузории Шарқ, «Абӯалӣ» маънои «падари Алӣ»-ро дорад ва «ибни Сино» ба маънои «фарзанди (авлоди) Сино» аст. Номи пурраи ӯ дар сарчашмаҳо ба шакли «Абӯалӣ ал-Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни ал-Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино» омадааст.
Ҷаҳониён номи ӯро тавассути тарҷумаи лотинии китобҳояш кӯтоҳ карда, ба шакли Авитсенна (Avicenna) табдил додаанд ва ӯ бо ҳамин ном дар таърихи илми ҷаҳонӣ машҳур гаштааст.
VI. Ривояти мор ва коса: пайванди ном бо рамзи илми тиб
Дар байни мардуми мо ривояте маъмул аст, ки рамзи маъруфи тиб — ҷом ё косаеро, ки мор ба он печида об менӯшад, ба сарнавишти Ибни Сино нисбат медиҳанд. Ин ривоят ҳамчун як ёдгории мардумӣ нишон медиҳад, ки номи ин табиби бузург дар зеҳни халқ бо худи мафҳуми шифо ва тандурустӣ тавъам гаштааст.
Беморонро аз ҳар гӯшаву канор оварда, дар сари роҳи Абӯалӣ менишониданд. Вақте ки Абӯалӣ ҳар рӯз субҳ аз хонаи худ берун мебаромад, аввал ба як тараф нигоҳ карда, беморони дар ҳамон ҷониб нишастаро ҳолпурсӣ мекард ва мегуфт: «Ин фалон мариз аст, илоҷи вай ин аст». Дар вақти бозгашт ба ҷониби дигар нигоҳ мекард ва бо дастури боло илоҷи беморонро муқаррар менамуд.
Рӯзе ба беморе бо диққат нигоҳ карда истода, дар бораи илоҷи дарди вай чизе нагуфт ва ба тарафи беморони дигар гузашта рафт. Аз ин муомилаи Абӯалӣ ба он бемор ҳолати аҷибе рӯй дод. Вай аз зиндагонӣ тамоман дил канд ва аз сиҳат ёфтан даст шуста, хоҳиш намуд, ки ӯро зуд бардошта, ба хонааш баранд.
Дар хона ба наздикони худ гуфт:
— Эй азизон, дар фикри тобуту кафани ман бошед, кори ман тамом шуд. Абӯалӣ донистааст, ки дарди ман илоҷпазир нест, бинобар ин ба ман аҳаммияте надода гузашта рафт.
Бемор ба марги худ интизор нишаста буд, ки аз сӯрохии кунҷи хона море берун шуд. Дар ҳамон вақт дар миёнаи хона косаи шир меистод. Мор ба оҳистагӣ худро ба косаи шир наздик карда, шири косаро тамоман дам кашид. Пас аз чанде ба замин ғалтида, печутоб хӯрд ва дубора даҳонашро ба лаби коса ниҳода, шири хӯрдаашро тамоман қай кард.
Вақте ки мор ба сӯрохии хона даромада, аз назар пинҳон шуд, бемор ба чунин андеша афтод: «Чун ман мурданӣ шудааму дигар умеде надорам ва ҳолам соат ба соат бад мешавад, беҳтар он аст, ки ин ширро хӯрда, ҷонамро аз азоб халос кунам».
Ӯ бо ҳамин фикр ба пеш ҳаракат кард ва косаи ширро гирифта, тамоман дам кашид. Вале бархӯрди воқеият баръакси интизории бемор шуд ва дарди ӯ соат ба соат рӯ ба беҳбудӣ овард. Бемор дубора ба зиндагӣ умедвор шуд. Баъд аз чанд рӯз, ҳангоме ки худро тамоман солим ҳис кард, фармуд, ки ӯро дубора ба сари роҳи Абӯалӣ баранд, то ба он муомилаи Шайхурраис эътироз баён кунад.
Хоҳиши ӯро ба ҷо оварданд. Вақте ки Абӯалӣ аз хона баромада, бо ӯ дучор меояд, дар тааҷҷуб афтода мепурсад:
— Эй мард, ту қайи мори афъиро аз куҷо ва бо чӣ гуна шароит пайдо кардӣ? Илоҷи касалии ту вобаста ба хӯрдани қайи мори афъӣ буд. Азбаски ҳосил кардани он бисёр душвор ва ғайримумкин буд, ман он рӯз ба касалии ту эътино накардам.
Марди бемор воқеаро ҳамон гунае, ки рӯй дода буд, нақл карда медиҳад.
Мори афъӣ ва умуман мор дар тиб рамзи дугонаи маргу ҳаёт, хатару наҷот ва инчунин рамзи ҳикмат мебошад. Илми тиб аз замонҳои қадим ин махлуқи пурасрорро бо чунин сабабҳо ҳамчун рамзи худ интихоб кардааст:
- Шифо ва эҳёшавӣ: морҳо дар замонҳои қадим рамзи навшавӣ ҳисоб мешуданд, зеро онҳо пӯсти худро ҳар сол як маротиба иваз мекунанд;
- Хирад ва дониш: дар асотири Юнони Қадим асои морпеч ба Асклепий — худои табобат ва тиб тааллуқ дошт;
- Алоқа бо табиат: тибқи ривоятҳо, мор гиёҳҳои шифобахшро медонист ва ба одамон барои шифо ёфтан аз бемориҳо кумак мекард.
Рамзи маъмултарини тиббӣ асои морпеч аст (асое, ки мор ба он печидааст). Инчунин рамзи дигаре вуҷуд дорад, ки ҷом (коса) бо мор мебошад. Дар тибби муосир ва фарҳанги ҷаҳонӣ ин нишона аксар вақт рамзи касби табибон ва дорусозон маҳсуб мешавад.
Дар ин ҷо як нуктаи муҳимро бояд аниқ кард. Рамзи ҷоми мордор дар Аврупо бо номи «Косаи Ҳигия» — духтари Асклепий, олиҳаи саломатӣ маъруф буда, бори аввал соли 1796 дар тангаи Ҷамъияти дорусозони Париж истифода шудааст ва то имрӯз ҳамчун нишони касби дорусозӣ (фарматсия) шинохта мешавад. Рамзи расмии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) асои Асклепий аст, ки онро Ассамблеяи якуми умумиҷаҳонии тандурустӣ соли 1948 ҳамроҳ бо нишони Созмони Милали Муттаҳид қабул кардааст. Ҳамин тавр, соли 1796 ба «Косаи Ҳигия» ва соли 1948 ба нишони СУТ тааллуқ дорад.
Бояд қайд кард, ки дар фарҳанги мо ва дар соҳаи тибби Шарқ, хусусан дар Тоҷикистон номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун рамзи бузурги илми тиб ва бунёдгузори табобат эътироф гаштааст. Дар намои берунии муассисаҳои тиббӣ, даромадгоҳи беморхонаҳо, дорухонаҳо ва муассисаҳои таълимии тиббӣ расми Ибни Сино ва ҷом ё косае, ки мор ба он печидааст, якҷоя ҳамчун рамзи илми тиб гузошта мешаванд.
Ҳамбастагии ривояти мори афъӣ ва косаи шир бо номи Ибни Синоро бояд ҳамчун ифодаи рамзии ҷовидонии хизматҳои ин фарзанди донишманди миллати тоҷик дар табобати беморон ва умри дубора бахшидан ба инсоният фаҳмид.
VII. Қадршиносии ҷаҳонӣ: ҷоизаҳо ба номи Ибни Сино
Хизматҳои оламшумули Ибни Синоро дар ташаккули илми ҷаҳонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлатҳои ҳамҷавор, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва дар маҷмуъ ҷомеаи ҷаҳонӣ баланд қадр кардаанд. Аз ҷумла, ҷоизаҳои ба номи Абӯалӣ ибни Сино (Авитсенна) ҳамчун рамзи эҳтиром ба мероси мондагори ин донишманди бузург ва табиби барҷаста дар чанд сатҳ — ҷумҳуриявӣ (Тоҷикистон) ва байналмилалӣ (ЮНЕСКО) таъсис ёфтаанд. Бо ин ҷоизаҳо олимон, табибон ва муҳаққиқоне қадрдонӣ мешаванд, ки дар соҳаи илмҳои тиб, фалсафа, ахлоқ ва равоншиносӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Боиси ифтихори мо тоҷикон аст, ки ҳанӯз дар асри гузашта — замони дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ қарор доштани Ҷумҳурии Тоҷикистон — хотира ва мероси илмию адабии Абӯалӣ ибни Синоро соҳибӣ ва ҳимоя карда будем.
1. Ҷоизаи давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Ибни Сино
Ин ҷоиза 1 марти соли 1967 бо қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта, ҷоизаи олии ҷумҳуриявӣ дар соҳаи илм ва техника маҳсуб меёфт. Он ба шахсоне супорида мешуд, ки дорои комёбиҳои намоёни илмию технологӣ ва ихтирооту дастовардҳои бузург дар истеҳсолот буданд.
Нахустин ҷоизадорон дар соли 1967 инҳо буданд: дар соҳаи илмҳои фалсафа — академик Алоуддин Баҳоваддинов, кишоварзӣ — академик Акбар Махсумов, таърих — академик Зариф Раҷабов ва тиб — академик Комил Тоҷиев.
2. Ҷоизаи байналмилалии ЮНЕСКО барои ахлоқ дар илм (UNESCO Avicenna Prize for Ethics in Science)
Ин ҷоиза бо ташаббус ва маблағгузории Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷониби Шурои иҷроияи ЮНЕСКО (иҷлосияи 166-ум, соли 2003) таъсис ёфта, ҳар ду сол як маротиба супорида мешавад. Он аз медали тиллоии Ибни Сино, шаҳодатнома, мукофоти пулӣ (дар оғоз 10 000 доллари ИМА ва тибқи низомномаи кунунии ЮНЕСКО — 50 000 доллари ИМА) ва сафари якҳафтаинаи илмӣ ба Эрон иборат аст.
Ба ин ҷоиза то кунун олимони зерин сарфароз гардидаанд: профессор Маргарет Сомервилл аз Канада (2004), профессор Абдуллоҳ С. Даар аз Уммон/Канада (2005), профессор Рензонг Сю аз Ҷумҳурии Мардумии Чин (2009), профессор Забта Хон Шинворӣ аз Покистон (2015) ва профессор Доналд А. Браун аз ИМА (2019). Ин шумораи хурд гувоҳи он аст, ки ҷоизаи ба номи Ибни Сино дар ҷаҳон чӣ гуна мақоми истисноӣ ва баланд дорад.
3. Ҷоизаи байналмилалии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб
Ин ҷоиза бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 2026 «Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» бо мақсади арҷгузорӣ ба саҳми фарзанди донишманди тоҷик дар илми тибби ҷаҳонӣ таъсис дода шудааст. Ҳадафи он қадрдонии олимон ва табибоне мебошад, ки дар пешрафти илми тиб ва тандурустии ҷаҳонӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Тибқи фармон, ба ҷоизаи мазкур шахсоне мушарраф мегарданд, ки дар рушди тандурустии байналмилалӣ ва илми тибби ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузоштаанд. Ҳамчунин таъсиси фонди ҷоиза пешбинӣ шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки Низомномаи онро таҳия ва тасдиқ намояд. Ин нукта аҳаммияти амалӣ дорад: маҳз Низомнома тартиби пешниҳоди номзадҳо, ҳайати ҳакамон, давра ва андозаи мукофотро муайян карда, эътибори байналмилалии онро таъмин хоҳад намуд.
VIII. Бузургдошти ном дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Барои бузургдошти шахсият ва хизматҳои оламшумули Ибни Сино корҳои зерин анҷом дода шудаанд:
- Соли 1980: Бо қарори ЮНЕСКО ҷашни 1000-солагии Ибни Сино дар саросари ҷаҳон ботантана таҷлил карда шуд.
- Соли 1753: Карл Линней (1707–1778) — гиёҳшинос ва табиби шведӣ, ки низоми ягонаи таснифоти олами набототу ҳайвонотро офаридааст — ба шарафи бузургдошти фарзанди фарзонаи миллати тоҷик номи як ҷинси дарахтони ҳамешасабзи баҳриро дар асари худ «Species Plantarum» бо номи лотинии Ибни Сино — Avicennia (Авитсенния) гузошт. Ин амал нишони бузургии мероси табибӣ ва илмии Ибни Сино дар назди ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ мебошад.
- Соли 1970: Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ номи «Авитсенна»-ро ба кратери тарафи дигари Моҳ (бо диаметри тақрибан 73 километр) гузошт, ки то он вақт танҳо бо рақами 180 маълум буд.
- Соли 1983: Сайёраки (2755) Avicenna, ки соли 1973 дар Расадхонаи астрофизикии Қрим кашф шуда буд, 28 марти соли 1983 расман ба номи Ибни Сино номгузорӣ гардид. Ҳамин тавр, номи фарзанди Афшона на танҳо дар китобҳо, балки дар харитаи осмон низ ҷовидонӣ сабт шудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷик ҳамчун нишони сипос ва қадршиносӣ аз ин фарзанди фарзона ва бошарафи худ, дар кишвар ба номи ӯ чандин хиёбону кӯчаҳо, ноҳия, донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои таълимиро номгузорӣ кардаанд. Аз ҷумла, ба хотири бузургдошти ин чеҳраи дурахшони илми тиб, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино гузошта шудааст. Муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино, ки яке аз зеботарин хиёбонҳои шаҳри Душанберо оро медиҳад, таҷассуми хирад ва бузургии заковати ӯст.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006, қуллаи Ленин ба номи Абӯалӣ ибни Сино табдили ном кард, ки бо баландии 7134 метр яке аз чаҳор қуллаи ҳафтҳазорметрии кишвар мебошад.Соли 1999 дар пули миллии Тоҷикистон — банкнотаи 20-сомонӣ — акси Ибни Сино тасвир ёфт (ин банкнотаҳо аз 30 октябри соли 2000 ба муомилот бароварда шуданд). Бори нахуст дар даврони истиқлоли давлатӣ бо дастури Ҳукумати кишвар тасмим гирифта шуд, ки осори Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино дар шакли пурра ба забони давлатӣ тарҷума ва дастраси хонандагон гардонида шавад.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1995 18-уми август ҳамчун рӯзи зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино ва Иди касбии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Тибқи анъана, ворисони Сино дар ин рӯз дар зери муҷассамаи ин мутафаккир гулчанбарҳо мегузоранд, якдигарро табрику таҳният мегӯянд ва аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба олимон ва табибони саҳмдор ва сарсупурда дар рушди соҳаи тандурустии ватанӣ туҳфаву мукофотҳо супорида мешаванд.
Номи ин фарзанди оламшумули тоҷик имрӯз ба рамзи тамаддун, рамзи дониш, ақлу хирад, таҳқиқу навоварӣ ва ҷустуҷӯи ҳақиқат табдил ёфтааст, ки маҳз ҳамин арзишҳо дар ҷомеаи мутамаддини имрӯза барои мо аҳаммияти ҳаётӣ доранд.
Ӯ аз лиҳози истиқлоли фикр, вусъати андеша ва бодалел сухан рондан дар замонаш ҳамтое надошт. Дар омӯхтани ҳама илмҳои замонааш, аз ҷумла тиб, фалсафа, мантиқ, равоншиносӣ, ахтаршиносӣ, заминшиносӣ, атрдармонӣ, илми калом, шеър, илоҳиёт ва механика ба ҳадди нубуғи андеша ва камоли фикр расида, асарҳои мондагор эҷод карда, ба ёдгор гузоштааст.
Ба шарофати осори абадзиндаи хеш Ибни Сино имрӯз низ ҳамзамон ва ҳамқадами ҷомеаи башарӣ мебошад. Зеро ҳикмате, ки инсонро ба роҳи рост ва худшиносии воқеӣ ҳидоят менамояд, барои ҳама давру замонҳо ба инсоният хизмат мекунад ва бо гузашти замон моҳияту арзиши бештар пайдо менамояд.
IX. Ҷоиза ҳамчун лоиҳаи оянда
Арзиши ҳар ҷоизаи байналмилалӣ на бо санади таъсиси он, балки бо сатҳи ташкил ва идомаи мунтазами он муайян мегардад. Аз ин рӯ, дар назди мо вазифаҳои мушаххас меистанд: ташкили ҳакамони бонуфузи байналмилалӣ бо иштироки олимони маъруфи ҷаҳон; ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва ЮНЕСКО; муайян намудани самтҳои афзалиятнок; баргузории маросими супоридани ҷоиза дар доираи як ҳамоиши бузурги илмӣ дар шаҳри Душанбе; нашри маҷаллаи илмӣ ва баргузории «Хонишҳои синошиносӣ»-и ҳарсола; ҳамчунин ҷалби олимони ҷавони ватанӣ ба ин раванд.
Дар мавриди ҳалли ин масъалаҳо ҷоиза метавонад давоми даҳ-понздаҳ соли оянда ба яке аз нишонаҳои шинохтаи Тоҷикистон дар харитаи илмии ҷаҳон табдил ёбад ва барои кишвари мо натиҷаҳои амалӣ — ҳамкории илмӣ, лоиҳаҳои муштарак, ҷалби сармояи зеҳнӣ ва баланд бардоштани нуфузи низоми тандурустии миллӣ ба бор оварад.
X. Хулоса
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ҳамчунин қадрдонии шахсияти ин нобиғаи бузург аст. Ин иқдом эътирофи саҳми таърихии миллати тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ мебошад. Агар ҳазор сол пеш Ибни Сино аз қалби Хуросону Мовароуннаҳр ба рушди афкори илмии ҷаҳон таъсир расонида бошад, имрӯз Тоҷикистон бо таъсиси ин ҷоиза саҳифаи нави ҳамон рисолати таърихиро мекушояд. Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино рамзи пайванди гузаштаву оянда, ҳамгироии илму фарҳанг ва эҳтиром ба донишу инсонгароӣ мебошад.
Ҷоизаи мазкур инъикосгари сиёсати давлатсозиест, ки ба неруи илм, арзишҳои фарҳангӣ ва сармояи маънавии миллат афзалият медиҳад.
Ҳамин арзишҳо буданд, ки ҳазор сол пеш Ибни Синоро ба қуллаҳои ҷаҳонии илм расониданд ва имрӯз низ метавонанд Тоҷикистонро ба яке аз марказҳои бонуфузи муколамаи илмию фарҳангии ҷаҳон табдил диҳанд.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба василаи ташаббусҳои инсондӯстонаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои воқеӣ ва нақши аҷдоди тоҷиконро дар тамаддуни башарӣ дарк менамояд. Дар замони истиқлоли давлатӣ, Пешвои миллат ба ҳайси муаррифгари миллат ва таъриху тамаддуни он, иқдомҳоеро дар амал татбиқ намудаанд, ки заминаи мустаҳками мақоми баланди байналмилалии давлати моро гузошта истодаанд.
Ҳамин тавр, ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути ин ташаббуси навбатӣ бори дигар дарк менамояд, ки Абӯалӣ ибни Сино фарзанди фарзонаи миллати тоҷик буда, дар рушди илми тиб нақши муассиру мондагоре гузоштааст. Ин иқдом аз тавонмандии зеҳнии миллати тоҷик ва нақши хоси ӯ дар рушди тамаддуни башарӣ бори дигар хабар дод. Бо ин васила, мо аз як чеҳраи барҷастаи илмии хеш дифоъ намуда, хизматҳои оламшумули ӯро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар ёдовар шудем.
Иқдоми таърихии Пешвои миллат дар бораи таъсис додани ҷоизаи махсус ба номи Абӯалӣ ибни Сино на танҳо гиромидошти як шахсияти таърихӣ, балки даъват ба эҳёи фарҳанги илм, арҷгузорӣ ба дониш ва таҳкими худшиносии миллӣ мебошад. Муҳимтарин паёми ин ташаббус ҳамин аст: миллате, ки Ибни Синоро ба ҷаҳон додааст, ҳақ дорад бори дигар чун яке аз миллатҳои пешсафи илму маърифат зуҳур кунад.
Ин ҷоиза, ки мақоми байналмилалӣ дорад, метавонад муҳаққиқону табибони варзидаи ҷаҳонро ба ҳам оварад ва барои рушди илми тиб фазои нави ҳамкорӣ фароҳам созад. Қадрдонии олимон барои кашфиёту хизматҳои арзанда дар соҳаи тиб на танҳо рушди илмро суръат мебахшад, балки насли ҷавонро низ ба роҳи донишандӯзию таҳқиқот ҳидоят менамояд.
Мо бояд аз он ифтихор кунем, ки дар баробари сарватҳои бебаҳои табиӣ, беҳтарин ва беназиртарин сармояи инсонӣ — мероси илмию адабии шахсиятҳое, чун Ибни Сино, Абулқосим Фирдавсӣ, Имом Абӯабдуллоҳи Бухорӣ, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва ҳазорон нафари дигарро дорем. Вазифаи мо он аст, ки бо роҳбариву ҳидоятҳои ватанпарваронаи Пешвои муаззами миллат ҳам сарватҳои табиӣ ва ҳам сармояи инсонии миллатро ҳифз намуда, барои ояндаи дурахшони сарзамини аҷдодиамон — Тоҷикистон аз онҳо оқилона истифода барем.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ устувортар мегардонад. Интизор меравад, ки ин ташаббус аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, чун дигар иқдомҳои глобалии Пешвои миллат дар соҳаи обу экология, ба таври васеъ ҷонибдорӣ ёбад.
Ҳамин тавр, таъсиси ҷоизаи мазкур, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба нобиғаи бузурги башарият — Абӯалӣ ибни Сино мебошад, ки бо осори ҷовидонаи худ ба таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ таъсири амиқ гузоштааст. Он рамзи эҳтироми давлату миллат ба илму маърифат буда, дар айни замон паёми инсондӯстона ва қадршиносонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеаи байналмилалӣ мебошад. Ҳар қадаре ки ин ҷоиза дар ҷаҳон эътибори бештар пайдо кунад, ҳамон қадар номи Тоҷикистон ҳамчун сарзамини Ибни Сино устувортар садо хоҳад дод.
Абдураҳмон АЛАМШОЗОДА,
муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал-полковники милитсия
Рӯйхати адабиёт ва сарчашмаҳо:
- Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. – Душанбе: «Эр-граф», 2016. – 363 с.
- Шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Реҷаи дастрасӣ: https://www.president.tj/event/news/55658.
- Абӯалӣ ибни Сино. Осори мунтахаб (иборат аз даҳ ҷилд). Ҷилди 1. – Душанбе: «Ирфон», 1980. – 477 c.
- Ибни Сино // Замин — Илля. – Душанбе: СИЭМТ, 2018. – С. 422—437. – (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: [иборат аз 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ; 2011—2023, ҷ. 7).
- Ибн Сина. Канон врачебной науки: в 5 т. – Ташкент: Фан, 1956—1960.
- Большая Советская Энциклопедия. Изд. 2-е. Т. 1. – Москва: Государственное научное издательство «Большая Советская Энциклопедия», 1949. – С. 114.
- Большая Советская Энциклопедия. Изд. 2-е. Т. 17. – Москва: Государственное научное издательство «Большая Советская Энциклопедия», 1952. – С. 257-258.
- С. Айнӣ. Куллиёт. Ҷилди 11. Китоби 1-ум. – Душанбе: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1963. – 507 с.
- Б. Ғафуров. Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1, 2. – Душанбе: Дониш, 2020. – 976 с.
- Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Facebook: Эмомалӣ Раҳмон — Emomali Rahmon.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». – Душанбе: КВД КТН «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 47 с.
- Ш. Ҳусейнзода, Х. Шарифов. Мақоми Ибни Сино дар шеъру адаби тоҷик. – Душанбе: «Маориф», 1985. – 115 с.
- Шарипов М.И., Бойназаров Э.Х. Нақши Абӯалӣ ибни Сино дар масири илми тиб // Сомонаи расмии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино. – Реҷаи дастрасӣ: https://www.tajmedun.tj/tj/akhbor/donishgoh/ab-al-ibni-sino-nobi-ai-asr-o-/.
- Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Реҷаи дастрасӣ: www.mvd.tj
- Сомонаи расмии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Реҷаи дастрасӣ: www.avkd.tj








Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
Истиқлолияти давлатӣ заминаи таҳкими волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон мебошад
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Маҳкам Маҳмудзода: «Истиқлоли давлатӣ дастоварди волотарини давлати тоҷикон маҳсуб мешавад»
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТСОЗИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Эҳдо ба 35-солагии соҳибистиқлолии мамлакат
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳо дар ин маврид






