ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад

Сентябрь 3, 2026 15:21

ДУШАНБЕ, 03.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 сентябр бозиҳои даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола баргузор мешаванд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар гурӯҳи «D» дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолони худ аз Афғонистон бозӣ мекунад.

Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»-и шаҳри Исо-Таун баргузор шуда, соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад. Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва инчунин ҳафт дастаи беҳтарини ҷойи дуюм роҳ меёбанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 3, 2026 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад