Парвозҳои ҳавоӣ байни Душанбе ва Давҳа барқарор мегарданд

Сентябрь 19, 2026 10:37

ДУШАНБЕ, 19.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, хусусан барқарор намудани парвозҳои мустақим байни Тоҷикистон ва Қатар дар мулоқоти роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муборак бин Абдурраҳмон Ал-Наср баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла аз нав барқарор намудани парвозҳои ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Қатарро баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки барқарор намудани парвозҳо байни шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ширкат ба ҳисоб рафта, рушди алоқаи ҳавоӣ ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи байни мардумони ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Дар доираи ҳамкории минбаъда баргузории вохӯриҳо бо намояндагони корхонаҳои авиатсионии Қатар, аз ҷумла ширкати ҳавопаймоии «Qatar Airways» ҷиҳати баррасии самтҳои эҳтимолии ҳамкорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои идомаи муколамаи созанда ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои авиатсия ва сайёҳӣ иброз намуданд.

АКС: «Сомон Эйр»

Сентябрь 19, 2026 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд