Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
ДУШАНБЕ, 08.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 ёдгории таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО ва 13 унсури фарҳанги мероси ғайримоддии тоҷикон то соли 2026 дар ин созмон сабт гардид. Чунин баён намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки бо пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири арҷгузорӣ ба ахтарони ҷаҳоншумули илму адаби тоҷик ва нақши осори таърихии мамлакати мо дар ташаккули тамаддуни умумибашарӣ таҳти сарпарастии ЮНЕСКО 16 ҷашнвораву солгардҳо баргузор гардиданд.
«Ин дастовардҳо на танҳо ғановати фарҳанги миллии мо, балки фазои созандаи иҷтимоиро низ инъикос мекунанд, ки танҳо дар муҳити сулҳу оромӣ ва рушди босубот имконпазир аст»,-иброз доштанд Пешвои миллат.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуданд, ки «мо хуб дарк мекунем, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ, пеш аз ҳама, забону фарҳанг, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳо кафили пойдории давлати тоҷикон ва асолати тоҷикии мо дар асри пуртазоду пурмоҷарои XXI мебошад. Аз ин рӯ, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, забони давлатӣ, мероси таърихиву маънавӣ ва арзишҳои асили тоҷикона минбаъд низ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеаи мо боқӣ хоҳанд монд».
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






