Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 27, 2026 11:25

ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъиноти гуногунро, ки ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд ёфтаанд, ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Дар шаҳри Хоруғ 8 иншоот, аз қабили корхонаи коркард ва басту банди партовҳои сахти маишии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Атрофи тоза бо 10 ҷои корӣ, корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши Панасея бо 6 ҷои кории доимӣ ва 80 мавсимӣ, корхонаи бетони ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сомони давр бо 10 ҷои корӣ, кӯдакистони хусусии Ширинҷон барои 100 таълимгиранда, кӯдакистони хусусии Дилноза барои 60 кӯдак бо 6 ҷои корӣ, муассисаи таҳсилоти томактабии Рисолат барои 60 кӯдак бо 12 ҷои корӣ ва Маҷмааи муосири варзишӣ бо 20 ҷои корӣ ифтитоҳ гардида, 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявӣ, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд, навсозӣ ва мумфарш мегарданд, муаррифӣ карда шуд.

Дар ноҳияи Дарвоз 11 иншоот аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид, ки бо бунёди онҳо ба ҳусни ноҳия зинати тозае зам гардид. Аз ҷумла, корхонаи обҳои ташнашикани ҶДММ Дарвоз аква бо 30 ҷои корӣ, муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 50 кӯдак, дар деҳаи Курговади ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвоз муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 60  кӯдак, корхонаи истеҳсолии обҳои ташнашикани ҶДММ Парки иноватсионии саноатию технологӣ бо 6 ҷои корӣ, меҳмонхонаи Помир роҳи абрешим барои 30  меҳмон бо 10 ҷои корӣ, панҷ меҳмонхонаи муосир дар деҳаи Зеви деҳоти Қалъаи Хумб барои то 150  меҳмон бо 20 ҷои корӣ ва ҶДММ Тоҷ Корея оид ба парвариш ва банду басти моҳӣ бо 25 ҷои корӣ ифтитоҳ гардид.

Дар ноҳияи Ванҷ 12 иншоот, аз ҷумла Бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Садвадг бо 4 ҷои корӣ, маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва ташхиси ноҳиявӣ барои 24 корманд, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 32 барои 100 хонанда дар як баст, муассисаи томактабии Афсона дар деҳаи Андарбак барои 60 тарбиятгиранда, муассисаи нави томактабии Амина дар деҳаи Удоб барои 60 кудак, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, се маркази хизматрасонӣ бо коргоҳҳои истеҳсолӣ ва меҳмонхона дар маркази ноҳияи Ванҷ бо 14 ҷои корӣ, муассисаи таълимии томактабии Дурахшандагон барои 60 кӯдак дар деҳаи Лугад, муассисаи томактабӣ барои 60 кӯдак дар деҳаи Рованд ва муассисаи таҳсилоти томактабии Чашмаи дониш барои 60 кӯдак ифтитоҳ карда шуд.

Дар ноҳияи Рӯшон 12 иншоот, аз қабили неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 112 киловатт дар деҳаи Вранҷан, неругоҳи хурди обӣ бо иқтидори 25 киловатт дар деҳаи Биҷрав, неругоҳи обӣ бо иқтидори 15 киловатт дар деҳаи Девлох, майдони варзишии маркази ноҳияи Рушон бо 10 ҷои корӣ, корхонаи саноатии банду басти мева ва тути хушк бо 20 ҷои корӣ ва хатти интиқоли барқи 110 киловолт дар масофаи 42 километр ба истифода дода шуд.

Дар ноҳияи Роштқалъа 15 иншооти таъиноти гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид, аз ҷумла муассисаи давлатии томактабии Хирадмандон дар деҳаи Шошбувад барои 60 кудак, муассисаи давлатии томактабии Чеҳраи Фардо барои 60 кудак, муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 50 кудак, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24 барои 144 хонанда дар ду баст, парки саноатӣ бо 9 коргоҳ, гармхонаи муосир барои парвариши сабзавот ва муассисаи томактабӣ барои 200 кудак.

Дар ноҳияи Шуғнон 16 иншоот аз ҷониби Сарвари давлат ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид, аз қабили муассисаи томактабии рақами 10 бо номи Ганҷи миллат барои 60 кӯдак, неругоҳи офтобӣ дар деҳаи Рож бо иқтидори 3 мегаватт, Парки саноатии ноҳияи Шуғнон иборат аз 6 коргоҳи саноатӣ бо 40 ҷои корӣ, гармхонаи муосир ва ҳавзи моҳипарварӣ дар деҳаи Пашор, муассисаи таҳсилоти томактабии деҳаи Нишус барои 30 кудак, муассисаи таҳсилоти томактабии Дурахшондагон барои 60 кудак, муассисаи хусусии таҳсилоти томактабии №2 бо номи Насли Истиқлол барои 80 кудак ва муассисаи таҳсилоти томактабии №7 Меҳри Пешво барои фарогирии 60 кӯдак.

Дар ноҳияи Ишкошим бошад, 9 иншоот дар рӯзи сафари кории Пешвои миллат ифтитоҳ карда шуд, аз ҷумла муассисаи таҳсилоти томактабии №5 барои 60 кудак, 4 гармхонаи нави муосир бо 7 ҷои корӣ ва Парки саноатӣ бо 80 ҷои корӣ ва қалъаи таърихии Ямчун баъди навсозӣ.

Дар ноҳияи дурдасти Мурғоб ба ифтихори ҷашни истиқлол 4 иншоот сохта, ба истифода дода шуд, аз қабили бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, муассисаи таҳсилоти томактабии Парасту барои 60 кӯдак, муассисаи таҳсилоти томактабии Дурахшон барои 100 тарбиятгиранда, бинои нави нозироти андози ноҳия ва ду неругоҳи таҷрибавии бодӣ бо иқтидори умумии 200 киловатт неруи барқ.

Мавриди зикри хос аст, ки дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ғайр аз 90 иншооти тариқи фосилавӣ ифтитоҳшуда боз 185 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифт.

Сентябрь 27, 2026 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаи бунёди муассисаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ 3 корхонаи нави саноатиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Ош мулоқот намуд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат оид ба рушд ва такмили низоми омори миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд