Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманду сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғро ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд.
Таъкид гардид, ки ин ҷашн на танҳо рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ, ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва вусъати бесобиқаи корҳои ободониву созандагӣ, балки муаррифии арзандаи Тоҷикистон ва мардуми соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни он дар арсаи байналмилалӣ гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мардуми бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ин раванди таърихӣ, яъне таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ саҳми шоиста гузоштанд.
Гуфта шуд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду навсозии 1362 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. То имрӯз аз ҷониби аҳолӣ, соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпеша 1545 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст, ки аз нақшаи тасдиқшуда хеле зиёд аст.
Сарвари давлат ба мардуми ватандӯсту заҳматкаш ва шахсони саховатпешаву хайрхоҳи вилоят, аз ҷумла шаҳри Хоруғ барои саҳмгузорӣ дар ин кори муҳим миннатдории самимӣ изҳор намуданд.
Аз мардуми сарбаланди вилоят даъват карда шуд, ки бо кору пайкори нек Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба маркази бузурги табодули таҷрибаи сайёҳӣ дар минтақа табдил дода, бо риояи анъанаҳои неки фарҳангдӯстиву меҳмоннавозии тоҷикона онро ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ намоянд.
Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми заҳматпешаи вилоят, аз ҷумла ҷавонони ватандӯст, минбаъд низ бо ҳисси баланди масъулият, ташаббусҳои созанда ва ифтихор аз давлатдории миллӣ барои ободонии диёри хеш ва таҳкими иқтидори Тоҷикистони азизамон талош хоҳанд кард.
Пас аз суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи бошукуҳи консертӣ ба муносибати 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ баргузор гардид.
Устодони санъати тоҷик ва ҳунармандони вилоят бо иҷрои суруду рақсҳои дилнишин ба чорабинии тантанавӣ ҳусни бошукуҳе зам намуданд.
Дар барномаи фарҳангӣ аз эҷодиёти шоирони шинохтаи кишвар ва оҳангсозони маъруф дар васфи Модар-Ватан, Тоҷикистон, истиқлолу ваҳдат ва Пешвои миллат сурудҳои дилнишину хотирмон иҷро гардид.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд






