Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»

Сентябрь 10, 2026 10:12

ДУШАНБЕ, 10.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ рушди энергетика ва истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии кишварро, ки боигарии асосии миллии мо мебошад, яке аз афзалияти стратегии давлат муайян намудем. Ин нукта дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 сентябр дар шаҳри Душанбе баён гардид.

Ба андешаи Сарвари давлат, дар даврони истиқлол барои рушди соҳаи энергетика 36 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 30 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи 20 лоиҳаи дигар ба маблағи 23 миллиард сомонӣ идома дорад. Бо бунёди хати баландшиддати «Ҷануб – Шимол» ва зеристгоҳҳои пуриқтидор тамоми қаламрави мамлакат ба як шабакаи воҳиди энергетикӣ муттаҳид карда шуд. Дар ин давра 300 неругоҳи хурду бузурги барқи обӣ, Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе – 2» ва неругоҳҳои офтобӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда – 1» ва «Сангтӯда – 2» мутаносибан ба маблағи 8,5 миллиард ва 3,2 миллиард сомонӣ бунёд гардиданд, ки дар натиҷа беш аз 2300 мегаватт иқтидори нави энергетикӣ ба кор андохта, иқтидори умумии энергетикии мамлакат ба 6700 мегаватт расид.

Инчунин Президенти мамлакат иброз доштанд, ки дар баробари бунёди иқтидори нав таҷдиду навсозии ҳама неругоҳҳои барқи обии амалкунанда зина ба зина ба роҳ монда шуд. Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ пурра таҷдид гардида, корҳои таҷдиди пурраи неругоҳи «Норак» дар ду марҳала ба маблағи 6,6 миллиард сомонӣ ва неругоҳи «Сарбанд» ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ идома доранд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ба бунёди неругоҳҳои нав – «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2» ва «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе», инчунин таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда беш аз 22 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шуд.

Ҳамзамон Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бо мақсади тақвияти энергетикаи «сабз» ва гуногунсозии манбаъҳои тавлиди неруи барқ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун ду неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт то моҳи ноябри соли раовн ба истифода дода мешавад.

«Дар байни иншооти энергетикии даврони истиқлол Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун лоиҳаи калидии энергетикии мамлакат ҷойгоҳи махсуси таърихӣ дорад. Итминони комил дорам, ки бо идомаи бомароми сохтмони неругоҳ ва ба истифода додани агрегати сеюми он соли 2027 Тоҷикистон ба ҳадафи пурра бо неруи барқ таъмин кардани аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ, яъне истиқлоли энергетикӣ ноил мегардад. Ҳамзамон бо ин, мо тасмим гирифтаем, ки бо истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва татбиқи технологияҳои «сабз» то соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил диҳем», — таъкид намуданд Пешвои миллат.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 10, 2026 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд