Пешвои миллат: «Вилояти Хатлон дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад»

Сентябрь 4, 2026 16:44

ДУШАНБЕ, 04.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон иброз намуданд, ки вилояти Хатлон дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад.

Ба таъкиди Пешвои миллат, ин сарзамини куҳанбунёд аз қадим яке аз марказҳои муҳимми фарҳангу тамаддуни тоҷикон буда, имрӯз низ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишварамон нақши басе арзишманд мегузорад.

Сарвари давлат изҳор намуданд, ки «боиси ифтихори ҳар яки мост, ки моҳи июли соли 2025-ум ёздаҳ ёдгории таърихиву фарҳангии воқеъ дар ҳудуди вилоят таҳти номи «Хутали қадим» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид».

Ёдовар мешавем, ки ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Қарори дахлдор 12 июли соли 2025 зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж қабул гардид. Ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим чун 5-умин мавзеи Тоҷикистон ҳамчун мероси ҷаҳонӣ муаррифӣ шудаанд.

Номинатсияи мазкур 11 ёдгории бостоншиносӣ ва меъмории воқеъ дар ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлонро дар бар мегирад: Дайри Буддоии Аҷинатеппа, Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратепа, Қалъаи Золи Зард, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа), Шаҳристони Золи Зар,  Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа ва Дайри Буддоии Хишттеппа. Яке аз мавзеъҳои асосии номинатсияи мазкур маҷмааи бостоншиносии “Қалъаи Хулбук” – пасмондаҳои қасри пойтахти Хутали Қадим аст, ки аҳамияти калони таърихӣ дорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 4, 2026 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад