Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон имрӯз дар шаҳри Боку мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар оғози суҳбат ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев паёми самимӣ ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонд.
Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуда, ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳанг, сайёҳӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Ба рушди муносибатҳо дар самтҳои энегргетикаву нақлиёт ва логистика афзалият дода шуд.
Ҷонибҳо аз вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба хуш истиқбол гирифта, барои тақвияти бештари он алоқамандии хешро баён карданд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид






