Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Ош мулоқот намуд

Сентябрь 26, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Назирмад Ализода бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Ош мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон хабар доданд, мулоқот бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  таҳти унвони «Истиқлолият — асоси рушд, сулҳ ва ҳусни ҳамҷаворӣ» баргузор гардид.

Сафир дар бораи роҳи таърихии кишвар дар солҳои истиқлолият, аҳаммияти сулҳу ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ сухан гуфт.

Ба муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Назирмад Ализода аҳаммияти таърихии Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро, ки моҳи марти соли 2025 ба имзо расид, таъкид намуд. Ин санад барои таҳкими эътимод ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои неки ҳамсоягӣ имкониятҳои нав фароҳам овард.

Сафир зимни суханронӣ оид ба робитаҳои гуманитарӣ нақши муассисаҳои таълимиро дар наздиксозии мардумони ду кишвар муҳим арзёбӣ намуд. Дар Донишгоҳи давлатии Ош беш аз 120 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Ӯ ба донишҷӯён муроҷиат намуда, аҳаммияти таҳсилоти босифат ва омодагии касбӣ, инчунин нақши ҷавононро дар рушди кишварҳои худ ва таҳкими дӯстӣ дар Осиёи Марказӣ таъкид кард.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ ва тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуданд.

Сафир ҳамчунин дар бораи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самтҳои таҳкими сулҳ, захираҳои об ва тағйирёбии иқлим маълумот дод. Аз ҷумла, ӯ ба қатъномаи бо ташаббуси Тоҷикистон 25 июни соли 2026 қабулнамудаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ишора кард, ки солҳои 2027–2036-ро Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон менамояд.

Дар анҷоми мулоқот ба сокини шаҳри Ош Холиқназар Алиназаров барои иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, саҳм дар таҳкими ваҳдати ҳамватанон, ҳифзи анъанаҳо ва фарҳанги миллӣ, инчунин рушди робитаҳои дӯстона байни  Тоҷикистону Қирғизистон Ифтихорномаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон супорда шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон

Сентябрь 26, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд