Сафири Тоҷикистон бо раиси Маркази миллии ҳамкории судии байналмилалии Ироқ мулоқот намуд

Сентябрь 29, 2026 08:45

ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр дар шаҳри Бағдод  мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдулло Зубайдзода бо раиси Маркази миллии ҳамкории судии байналмилалии Ҷумҳурии Ироқ Алӣ Ҳусайн Ал-Ҷаффот баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Ироқ дар соҳаи ҳуқуқ ва адлия табодули афкор намуда, масъалаҳои марбут ба таҳкими робитаҳои судию ҳуқуқии ду мамлакатро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо ба таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба, густариши робитаҳо байни мақомоти судӣ ва ниҳодҳои дахлдор, инчунин табодули таҷриба ва иттилооти ҳуқуқӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Дар ин замина аҳамияти идомаи муколамаи мустақим ва таҳкими робитаҳои касбӣ байни мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон ва Ироқ таъкид гардида, омодагӣ барои истифодаи имконияти мавҷуда ба хотири рушди ҳамкорӣ дар самти адлия ва ҳамкории судии байналмилалӣ изҳор карда шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон

 

 

Сентябрь 29, 2026 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»