Самтҳои стратегии Маркази ҳамкории бисёрҷониба оид ба маблағгузории рушд барои солҳои 2027-2031 муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Интихоб ва амалӣ намудани лоиҳаҳои инфрасохторию пайвасткунанда, ҷалби сармоя, баланд бардоштани сифати тайёрии лоиҳаҳо ва тақвияти иқтидори касбии мутахассисон ва ҳамоҳангсозии кумакҳои молиявии байналмилалӣ аз мавзуъҳое буданд, ки 15 сентябр дар ҳамоиши сатҳи баланд дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, ҳамоиш таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода баргузор шуда, дар он Директори иҷроияи Маркази ҳамкории бисёрҷониба оид ба маблағгузории рушд (MCDF) – Чжунтсин Ванг, намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ самтҳои стратегии MCDF барои солҳои 2027-2031 муаррифӣ гардида, имконияти нави маблағгузорӣ (грантӣ) барои Тоҷикистон тавассути ҳаммаблағгузорӣ бо дигар шарикони рушд баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки MCDF аз замони таъсис дар соли 2021 бо такя ба принсипҳои пайвастшавӣ, сифат ва шарикӣ лоиҳаҳои муҳимро дастгирӣ менамояд. Аз ҷумла, тавассути Фонди молиявии MCDF ва Платформаи ҳамкорӣ барои омодасозии лоиҳаҳо, баланд бардоштани иқтидор ва мубодилаи дониш грантҳо ҷудо карда мешаванд.
Дар анҷоми ҳамоиш ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории зич ва татбиқи силсилаи лоиҳаҳои нави муштарак барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад






