Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд

Сентябрь 28, 2026 09:50

ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳри Хоруғ ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

Маросими гусели Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ, мисли лаҳзаҳои истиқболи эшон, бо шукӯҳу шаҳомат ва эҳсоси баланди сипосгузории мардуми Бадахшон доир гардид. Сокинони вилоят бо садоқат ва муҳаббати самимӣ Роҳбари давлатро дар фазои пур аз эҳтиром ва шодиву нишот гусел карданд.

Аҳли фарҳанги вилоят бо ҷалби беш аз 1500 нафар ҳунармандону сокинон барномаи ҷолиби фарҳангӣ манзур намуда, сурудҳои васфи Ватан, Пешвои миллат ва муҳаббати халқро бо завқи баланд иҷро карданд. Лаҳзаҳои гусел воқеан ба як саҳнаи эҳсоси миллӣ ва арҷгузорӣ ба сиёсати хирадмандонаву инсондӯстонаи Пешвои миллат табдил ёфт.

Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки давоми ду рӯз дар шаҳри Хоруғ сурат гирифт, ба ифтихори таҷлили ҷашни бошукуҳи таърихӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар ҷараёни ин сафари пурбаракат Пешвои миллат як силсила иншооти таъйиноти гуногунро мавриди истифода қарор дода, ба сохтмони як зумра иншооти нав санги асос гузоштаанд ва ҳамчунин ба таври фосилавӣ 87 иншоотро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 185 иншооти дигар арафаи ин сафар мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамаи ин самараи сиёсати созанда ва ғамхории бевоситаи Сарвари давлат нисбати мардуми сарбаланди Бадахшон мебошанд.

Яке аз ҳадафҳои муҳими сафари Пешвои миллат, мулоқоти рӯ ба рӯ бо мардуми сарбаланди вилоят, шунидани пешниҳодҳои онҳо ва тарҳрезии нақшаҳои рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии ВМКБ арзёбӣ мегардад. Зимни ин мулоқотҳо Сарвари давлат сокинони вилоятро бо 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ раҳнамоӣ карданд.

Маросими гусели Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ — таҷассуми эҳтиром, арҷгузорӣ ва пайванди ногусастании халқ бо Сарвари давлат аст.
Гусели Пешвои миллат дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ 28.09.2026

Сентябрь 28, 2026 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик