Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд

Сентябрь 25, 2026 08:27

ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар шаҳри Ню-Йорк дар доираи ҳафтаи сатҳи баланди иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ, мудири раёсати СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UNDESA) Ли Ҷунхуа баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UNDESA), рӯзномаи ҷаҳонии об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рушди устуворро баррасӣ намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз дастгирии раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар пешбурди ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об ва пиряхҳо, инчунин баргузории Конфронси чоруми оби Душанбе дар соли 2026 изҳори сипос намуда, аҳаммияти идомаи ҳамкории муштарак дар омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар Душанбе дар соли 2028 ва таҳияи Чаҳорчӯби оби Душанберо таъкид кард.

Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои раванди омодагӣ ба Конфронси соли 2028, аз ҷумла баргузории нишасти омодагии сатҳи баланд дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2027 ва ҷалби сохторҳои Созмони Милали Муттаҳидро ба раванди омодагӣ ба конфронс баррасӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 25, 2026 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрӣ намуд
Дар шаҳри Риёз омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Миссияи кумаки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Гренада Созишнома оид ба мутақобилан бекор кардани талаботи раводидро ба имзо расониданд
Дар Теҳрон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд