Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд

Сентябрь 26, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Ҷумҳурии Габон, Кипр ва Ҷумҳурии Сингапур дар Ню-Йорк мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон Бадр ибни Ҳамад Ал Бусаидӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, илму маориф, фарҳанг, саноат, алоқаи ҳавоӣ, таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Габон Мари-Эдит Тассила-Йе-Думбененӣ ҳамкории Тоҷикистону Габон дар самтҳои мавриди назари ду мамлакат баррасӣ гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баён намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот вазирон Созишнома оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Габонро имзо намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Кипр Константинос Комбос сатҳи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, инчунин ҳамкории ҳар ду мамлакат дар доираи созмонҳои байналмилалиро баррасӣ намуда, алоқамандии худро роҷеъ ба таҳкими мунтазами робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, шарикӣ дар бахши сайёҳӣ ва маориф, инчунин дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо иброз намуданд.

24 сентябр инчунин мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сингапур Вивиан Балакришнан баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ, рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои об, рақамикунонӣ, молия ва рушди неруи инсонӣ, инчунин такмили заминаи шартномавию ҳуқуқӣ ва ҳамкории ду мамлакат дар доираи созмонҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд.

 

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 26, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо сардабири маҷаллаи фарҳангии «Ал-Арабӣ»-и Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Москва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ашқобод Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 53-юми Гурӯҳи кории Шарҳи универсалии даврии Шурои ҳуқуқи инсони СММ иштирок намуд
Барқарор намудани ҳамкорӣ байни вилоятҳои Тоҷикистону Кувайт баррасӣ гардид
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Олмон баргузор гардиданд
Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд