Соли 2026 дар Федератсияи Русия барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 40 вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират мусоидат ба таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойи кор мебошад. Дар ин замина намояндагӣ бо субъектҳои хоҷагидор, корфармоёни хурду бузург, намояндагони ташкилоти бокортаъминкунӣ ва вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ ҳамкории мунтазам ба роҳ мондааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз намояндагӣ хабар доданд, дар иртибот ба масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия давоми соли 2026 аз ҷониби масъулини намояндагӣ бо корфармоён беш аз 40 вохӯрии судманд баргузор гардид.
Зимни вохӯриҳо масъалаҳои омода намудани кадрҳо дар Тоҷикистон вобаста ба тахассусҳои бозорталаби меҳнат, мусоидат барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ва пешгирии ҳолатҳои нохуш дар истеҳсолот мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Дар ин раванд корфармоёни Федератсияи Русия аз фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, барои таҳкими ҳамкорӣ пешниҳод манзур менамоянд.
Дар натиҷаи сиёсати созанда ва тадбирҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкории шарикии боэътимоду стратегии Тоҷикистону Федератсияи Русия муносибатҳои дуҷониба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Дар ин замина барои фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давлат шароити мусоид фароҳам оварда шуда, ҳамкории дуҷониба дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва мусоидат ба шуғли онҳо пайваста тақвият меёбад.
АКС: Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






