Соли 2026 дар вилояти Хатлон беш аз 200 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад

Сентябрь 10, 2026 10:33

ДУШАНБЕ, 10.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. То 1 август ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 55 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ  «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

То 1 январи соли 2027  дар вилоят 155 муассисаи дигар сохта, ба истифода дода мешавад. Дар маҷмуъ соли 2026 дар вилояти Хатлон 210 муассисаи таълимӣ бо 54 ҳазору 674 ҷойи нишаст (дар як баст) сохта мешавад.

Ин иқдом барои фароҳам овардани шароити беҳтари таълим, зиёд намудани ҷойи нишаст ва коҳиш додани мушкилот вобаста ба норасоии ҷой дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Сентябрь 10, 2026 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд