Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея

Сентябрь 17, 2026 07:14
17.09.2026, Корея

Муҳтарам Ректори Донишгоҳи Корея, ҷаноби Донг-Ван Ким,

Профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Дӯстони азиз!

Барои ман имконияти дидори имрӯза бо шумо ва сарфароз гардидан ба унвони Доктори фахрии яке аз донишгоҳҳои пешсафу маъруфи Ҷумҳурии Корея боиси ифтихори  хосса аст.

Ба роҳбарият ва Шурои илмии Донишгоҳ, ки унвони баландро барои инҷониб муносиб донистаанд, сипоси амиқ изҳор менамоям.

Ман ин тасмимро боз як таъкиди алоқамандии ду кишвар ба рушду густариши муносибатҳои дӯстона, ҳамчунин, арзишҳои муштараки илмӣ ва фарҳангии миллатҳои куҳантаърихи мо медонам.

Бо итминон метавонем бигӯем, ки Донишгоҳи Корея дар худ ҳамгироии усулҳои бунёдии мактабҳои академиро бо тамоюлҳои инноватсионии муассисаҳои таҳсилоти олии замони муосир таҷассум менамояд.

Ин боргоҳи илму маърифат, ки  таърихи беш аз садсола дорад, бо дастовардҳои таълимиву илмии худ ба ҳайси яке аз муассисаҳои пешрафтаи илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ дар минтақаи фарохи Осиё ва паҳнои ҷаҳон шуҳрат пайдо кардааст.

Ҳозирини муҳтарам,

Илму маърифат, адабиёт ва саъю талош ба сӯйи дониш тайи ҳазорсолаҳо таҳкурсии ташаккули тамаддуни бостонии миллати тоҷикро ташкил додааст.

Маҳз ба  шарофати ҳамин халқи тоҷик ба ҷаҳониён мутафаккирони барҷастаеро эҳдо кардааст, ки осори онҳо дар тӯли асрҳои зиёд таконбахши пешрафти илму фарҳанги ҳам Шарқу ҳам Ғарб гардидааст.

Ниёгони мо бо мероси адабиву фалсафӣ ва кашфиёти илмии худ дар самти илмҳои дақиқ, аз ҷумла риёзӣ, нуҷум, табиатшиносӣ, тиб, кимиё, ҷуғрофиё, зироату обёрӣ ва меъморӣ дар рушди тамаддуни башарӣ саҳми назаррас гузоштаанд.

Имрӯз низ Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ташаккули шароити мусоиди илмиву таълимӣ дар кишвар чораҳои зарурӣ меандешад.

Бар асари тадбирҳои дар ин самт андешидашуда дар 35 соли истиқлол теъдоди мактабҳои олӣ дар кишвари мо аз 13 то ба 51  ва шумораи донишҷӯён дар онҳо аз ҳафтод ҳазор  то ба дусаду сӣ ҳазор нафар расидааст.

Ҳамзамон бо ин, мо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки барои ҷавонон  шароиту имконоти заруриро ҷиҳати таҳсилу касбомӯзӣ дар хориҷи кишвар муҳайё созем.

Ҳоло зиёда аз чил ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб панҷоҳ кишвари дунё, ба шумули Ҷумҳурии Корея машғули омӯхтани илму дониш ва касбҳои муосир мебошанд.

Мо ҳавасманди идомаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Корея ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвари шумо, ҳамчунин, таҳкиму густариши табодули академӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва таҳқиқотӣ ҳастем.

Тавре ман иттилоъ дорам, яке аз вазифаҳои муҳимми Донишгоҳи Корея таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисос оид ба масъалаҳои марбут ба муносибатҳои байналмилалӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, мехоҳам баъзе андешаҳои худро доир ба марҳалаҳои асосии рушди сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва раванди густариши робитаҳои дӯстиву ҳамкориҳои судманди кишвари мо бо Ҷумҳурии Корея иброз намоям.

Дӯстони гиромӣ,

Ба ин наздикӣ, 9 сентябр, Тоҷикистон 35-мин солгарди бузургтарин дастоварди таърихи навини худ – истиқлоли давлатиро ҷашн гирифт.

Тайи ин давра масъалаи дарёфти мавқеи шоиста дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳайси субъекти соҳибихтиёри низоми робитаҳои байналмилалӣ дар назди давлати мо ҳамчун яке аз вазифаҳои муҳимтарин қарор дошт.

Дар ин замина, мо аз ибтидо сиёсати хориҷии мутавозину сулҳомез ва созандаро роҳандозӣ намуда, имрӯз онро дар заминаи усули “дарҳои кушода” бемайлон пеш мебарем.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистони муосир, дар баробари касби ҷойгоҳи сазовор дар арсаи байналмилалӣ, дар ҳама гӯшаю канори сайёра дӯстони зиёд пайдо кардааст.

Боиси хушҳолист, ки Ҷумҳурии Корея имрӯз дар сафи дӯстон ва шарикони  наздику боэътимоди мо қарор дорад.

Кишварҳои моро анъанаҳои неки ҳамёрӣ, ки бар пояи усулҳои хайрхоҳӣ ба якдигар, ҳусни тафоҳум, эҳтироми ҳамдигар ва эътимод бунёд ёфтаанд, ба ҳам мепайванданд.

Соли оянда мо 35-солагии барқарории робитаҳои дипломатии кишварҳоямонро ҷашн мегирем.

Тоҷикистон натиҷаҳои амалии ҳамкориҳои ду ҷонибро, ки тайи ин давра ба даст омадаанд, баланд арзёбӣ мекунад.

Дар ин росто, мехоҳам аз нақши Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (“КОЙКА”) дар тақвияту тавсеаи пайгиронаи равандҳои ҷории шарикии кишварҳоямон  бо изҳори қадрдонӣ алоҳида ёдовар шавам.

Боиси қаноатмандист, ки муносибатҳои кишварҳои мо имрӯз фарогири ҳамкориҳои босамар дар бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳифзи муҳити зист ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб мебошанд.

Ҳамзамон бо ин, масъалаҳои таҳкиму тавсеаи робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, бахусус дар самти рушди захираҳои инсонӣ ва тандурустӣ мавриди таваҷҷуҳи доимии мо қарор доранд.

Мо азми қатъӣ дорем, ки ин равандҳоро мутобиқ ба манфиатҳои муштараки кишварҳоямон боз ҳам вусъат бахшем.

Дирӯз мо дар доираи сафари расмии инҷониб бо Роҳбарияти олии Ҷумҳурии Корея атрофи ҳолати кунуниву дурнамои ҳамкориҳои кишварҳоямон музокироти пурмазмун доир карда, уфуқҳои нави рушди онҳоро муайян намудем.

Бахшҳои воқеии иқтисод, бахусус саноат, аз ҷумла саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркарди маъданҳо, энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, ҳамчунин, соҳаҳои сармоягузорӣ, технологияҳои рақамӣ, иқтисоди “сабз”, муҳоҷирати меҳнатӣ ва сайёҳӣ ҳамчун самтҳои ояндадори ҳамкорӣ арзёбӣ гардиданд.

Зимни музокирот, дар маҷмӯъ, рағбати қавии ҷонибҳо ҷиҳати пешбурди минбаъдаи шарикии ҳамаҷониба таъкид гардид.

Аз ин нигоҳ, мо, ҳамчунин, аз натиҷаҳои аввалин саммити Муколамаи “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея”, ки дирӯз баргузор шуд, истиқбол менамоем.

Мувофиқаҳои дар ин нишасти сатҳи олӣ бадастомада, бешубҳа, дар раванди рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи кишварҳои мо нақши муҳим хоҳанд дошт.

Кишвари мо дар ҳамкорӣ бо шарикони худ, аз ҷумла Ҷумҳурии Корея пайваста талош дорад, то дар самти дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ саҳмгузор бошад.

Тайи даҳсолаҳои охир ҷомеаи ҷаҳонӣ силсилаи ташаббусҳои кишвари моро дар соҳаҳои обу иқлим, рушди устувор, амният, сулҳу субот ва дигар мавзӯъҳои рӯзмарра пазируфтааст ва чанде аз онҳо имрӯзҳо мавриди татбиқ қарор доранд.

Ба ин наздикӣ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027–2036» қабул гардид.

Ин иқдом боз як далели равшани идомаи талошҳои давлати мо дар роҳи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ мебошад.

Ҳозирини гиромӣ,

Маълум аст, ки робитаҳои гуманитарӣ  ба таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳо ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Ин ҳақиқати баҳснопазир, алалхусус, имрӯзҳо, ки замони рушди босуръати  технология ва навовариҳо мебошад, маънии амиқ касб мекунад.

Дар ин замина, мо ба тавсеаи ҳамкориҳоямон бо кишвари шумо дар соҳаи   таҳсилоти олӣ ва табодули академӣ аҳаммияти хос медиҳем.

Ҷониби Кореяи дӯст ҳамасола барои таҳсили ҷавонони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои худ бурсияҳои таълимӣ ва грантҳо ҷудо мекунад.

Таъсиси  марказҳои омӯзиши забони кореягӣ дар ҳашт донишгоҳи Тоҷикистон ва роҳандозии робитаҳои мустақими ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар аз дастовардҳои муҳимми солҳои охир дар ин самт мебошанд.

Мо иқдомҳои хайрхоҳонаи дӯстонамонро дар Ҷумҳурии Корея баланд қадр мекунем ва хоҳони идомаи тавсеаи робитаҳои ду кишвар дар соҳаи маориф ҳастем.

Ҳоло дар  Ҷумҳурии Корея аз кишвари мо беш аз 350 нафар донишҷӯ, аз ҷумла дар Донишгоҳи Корея таҳсил менамояд ва шумораи хоҳишмандони таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвари дӯст сол ба сол дар ҳоли афзоиш қарор дорад.

Ба ин манзур, мо алоқаманди зиёд кардани шумораи бурсияҳои таҳсилотии Ҷумҳурии Корея барои ҷавонони Тоҷикистон ҳастем.

Бовар дорам, ки густариши минбаъдаи ҳамкориҳо миёни кишварҳои мо дар соҳаҳои илму маориф барои тарбияи насли нави мутахассисони дар шароити муосир рақобатпазир пояҳои устувор мегузорад.

Итминон дорам, ки дипломи донишгоҳҳои Ҷумҳурии Корея ба ҷавонони мо дарвозаи наверо барои оянда боз хоҳад кард.

Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба донишҷуёне, ки аз Тоҷикистон дар таълимгоҳҳои кишвари ба мо дӯсти Ҷумҳурии Корея таҳсил мекунанд ва намояндагони онҳо дар ин ҷо ҳузур доранд, бо чанд нуктаи мушаххас муроҷиат намоям.

— шумо намояндагони насли ҷавони соҳибмаърифат ва ояндасози Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳастед.

— умеду ормонҳои мо аз шумо  хеле зиёданд.

— ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки ҳар кадоми шумо дар хориҷи кишвар, пеш аз ҳама, муаррифгари Тоҷикистони барои ҳамаи мо азиз, сафирони фарҳанги миллати бостонии мо ҳастед.

— шумо бояд давомдиҳандагони арзандаи кору пайкори аҷдоди худ ва мероси волои ахлоқиву маънавии онҳо бошед.

— бо истифода аз беҳтарин имкониятҳое, ки ин ҷо бароятон фароҳам оварда шудаанд, донишу малакаи худро васеъ гардонед ва нозукиҳои касбу ихтисосҳои интихобкардаатонро ҳамаҷониба аз худ намоед.

— забону фарҳанг ва таҷрибаву дастовардҳои беназири илмиву технологии мардуми Кореяро барои истифодаи самарабахш дар ҳаёт ва фаъолияти минбаъдаатон амиқ омӯзед!

Умед дорам, ки шумо дар оянда барои пешрафту шукуфоии Ватани азизамон хизмати арзанда хоҳед кард.

Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки ояндаи кишвари мо дар дасти шумо — ҷавонон — мутахассисони соҳибилму дорои сатҳи баланди касбӣ аст!

Дар хотимаи сухани худ бори дигар ба ҳайати Донишгоҳи Корея барои ҳусни таваҷҷуҳ ва пазироии гарм ибрози сипоси самимӣ менамоям.

Ба ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ, сиҳатмандии комил ва комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея сулҳу субот, шукуфоӣ ва пешрафти пойдор орзумандам!

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

Сентябрь 17, 2026 07:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея сарфароз гардонда шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Ҳамоиши Сарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ҳан Сон Сук мулоқот намуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сеул дар назди маҷмааи ёдгории Оромгоҳи миллии Корея гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Сеул шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ба анҷом расид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд