Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи расмии Варзишгоҳи миллӣ ва барномаи театрикунонидашуда ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 9, 2026 19:45

09.09.2026, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Сокинони муҳтарами пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол!

Ҳамаи шуморо бори дигар ба ифтихори ҷашни бузургу таърихӣ – 35-солагии истиқлолу озодии Ватани азизамон самимона табрик мегӯям.

Сиву панҷ сол муқаддам мардуми шарафманду сарбаланди тоҷик соҳиби истиқлоли сиёсӣ гардиданд ва таъсиси давлати миллии худро эълон карданд.

Яъне миллати тоҷик бо гузашти асрҳои зиёд давлатдории мустақили худро барқарор намуд ва ба давраи комилан нави таърихи худ ворид гардид.

Дар ин давра, яъне тайи 35 сол Тоҷикистон роҳи ниҳоят сахту сангин, вале пуршарафи давлатсозиро тай намуд.

Маҳз сулҳу субот ва оромии ҷомеа, ки дар натиҷаи саъйу талошҳои зиёд ба даст омад, барои созандагиву ободонии Ватан ва пешрафти устувори давлат заминаи мустаҳкам фароҳам овард.

Имрӯз мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба шарофати заҳмати содиқона ва талошҳои ватандӯстонаи мардум ба марҳалаи нави рушд қадам гузоштааст.

Ҳамватанони гиромӣ!

Дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни муқаддаси 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон имрӯз мо шоҳиди боз як рӯйдоди хотирмон – ифтитоҳи Варзишгоҳи миллӣ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст гардидем.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон тадриҷан ба яке аз марказҳои муҳимми баргузории чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ дар минтақа табдил ёфта истодааст.

Итминони комил дорам, ки Варзишгоҳи навбунёди миллӣ минбаъд ба маркази рушди футболи кишвар, макони баргузории муҳимтарин бозиҳои байналмилаливу минтақавӣ ва майдони омодасозии наслҳои футболбозони муосири тоҷик табдил меёбад.

Ҳамчунин, мехоҳам бо қаноатмандиву ифтихор як нуктаи муҳимро иброз намоям: ҳамаи ободиҳое, ки то имрӯз дар кишвари азизамон, аз ҷумла дар пойтахти он – шаҳри Душанбе амалӣ гардидаанд, аз баракати истиқлолу озодӣ мебошанд.

Мо бояд ҳамеша шукрона кунем, ки соҳибватану соҳибдавлат ҳастем, дар Ватани озод ва давлати соҳибихтиёр зиндагӣ мекунем.

Мо бояд ба қадри неъмати бебаҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ расем ва барои ҳифз кардану таҳким бахшидани пояҳои истиқлоли Ватани маҳбубамон бо иттиҳоду сарҷамъӣ саъйу талош намоем.

Ҳамчунин, мо бояд ифтихор кунем, ки вориси яке аз тамаддунҳои қадимтарини ҷаҳон, яъне ориёӣ ҳастем ва анъанаҳои тамаддунсозиву фарҳангофарӣ, созандагиву ободгарӣ дар ниҳоди мо аз замонҳои бисёр қадим реша давонидаанд.

Итминон дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ва махсусан ҷавонони ватандӯсти мо, инчунин соҳибкорони бонангу номус ин анъанаҳои неки аҷдоди ободгари худро идомаву вусъати бештар мебахшанд ва шуҳрату обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардоранд.

Бо ибрози итминон ба фардои боз ҳам дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон бори дигар кулли ҳамватанони гиромӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини ин майдони бошукӯҳро ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ самимона табрик мегӯям.

Ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ва сокинони он барои заҳмати содиқонаву ватандӯстона, ободу зебо гардонидани шаҳр ва иштироки фаъолонаашон дар чорабиниҳои ҷашнӣ миннатдорӣ баён менамоям.

Хотирнишон менамоям, ки мо бояд боз ҳам заҳмат кашем, Ватани азизамон ва пойтахти онро ободу пешрафта гардонем, то тавонем дар қатори ҷомеаи мутамаддини башарӣ ҷойгоҳи шоиста пайдо намоем.

Бигзор, истиқлоли давлатӣ ҷовидон, ваҳдати миллӣ пойдор ва Парчами давлати Тоҷикистон ҳамеша парафшон бошад!

Бигзор, Ватани азизамон боз ҳам ободу пешрафта гардад, сулҳу оромӣ дар кишвари биҳиштосоямон пойдор бошад ва дар хонадонамон файзу баракат зиёда гардад!

Ба ҳар як хонадони мамлакат, аз ҷумла ба сокинони пойтахти он саломатӣ, рӯзгори обод, саодати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидонӣ ва пешрафту ободии боз ҳам бештар орзу менамоям.

Ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Зиндаву ҷовидон бод, Тоҷикистони соҳибистиқлол!

Сентябрь 9, 2026 19:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар Ҳисор маркази забономӯзӣ, муассисаҳои таълимӣ ва нуқтаҳои тиббию дандонпизишкӣ ба истифода дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Федератсияи Русия барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид
Соли 2026 дар вилояти Хатлон беш аз 200 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад