Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Сентябрь 27, 2026 19:10
27.09.2026, шаҳри Хоруғ

Ҳамватанони азиз!

Мардуми шарафманду сарбаланди

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ ва тантанаи адолати таърихӣ – 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон, ки чанде пеш онро мардуми шарифи кишвар бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва дар фазои иттиҳоду сарҷамъӣ таҷлил намуданд, самимона табрик мегӯям.

Бо ифтихору сарфарозӣ иброз медорам, ки ин ҷашн на танҳо рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ, ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва вусъати бесобиқаи корҳои ободкориву созандагӣ, балки муаррифии арзандаи Тоҷикистон ва мардуми соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни он дар арсаи байналмилалӣ гардид.

Истиқлоли давлатӣ дар таърихи навини мо ҳамчун падидаи нодири таърихӣ ва рӯйдоди сарнавиштсози сиёсӣ баёнгари возеҳи фарҳангу тамаддуни бостонӣ, анъанаҳои деринаву созандаи давлатдорӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватанпарастии миллати бошарафу сарбаланди тоҷик мебошад.

Миллати тоҷик истиқлолу озодиро дар зарфи 35 сол чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ҳимояву таҳкими он ҳамчун арзиши муқаддастарин ва неъмати азизтарини зиндагии худ кӯшишу талоши бесобиқаи таърихӣ ба харҷ дод.

Мехоҳам бо ифтихору қаноатмандӣ хотирнишон намоям, ки мардуми бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ин раванди таърихӣ, яъне таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ саҳми шоиста гузоштанд.

Ҳамчунин, хотиррасон месозам, ки таҷлили 35-солагии истиқлоли давлатӣ натанҳо эҳтирому гиромидошти таърих ва санаи тақдирсози миллат, балки оғози марҳалаи нави созандагиву бунёдкорӣ ва таҳкими минбаъдаи худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошад.

Дар робита ба ин, қобили зикр аст, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду азнавсозии 1362 иншоот ба нақша гирифта шуда буд.

То имрӯз аз ҷониби аҳолӣ, соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпеша 1545 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст, ки аз нақшаи тасдиқшуда хеле зиёд аст.

Бинобар ин, мехоҳам ба мардуми ватандӯсту заҳматкаш ва шахсони саховатпешаву хайрхоҳи вилоят, аз ҷумла шаҳри Хоруғ миннатдории самимӣ изҳор намоям.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавозу фарҳангсолор, табиати нотакрор, имкониятҳои васеи сайёҳӣ ва арзишҳои фарҳанги миллии тоҷикӣ маҳбубияти зиёд дорад.

Имрӯз унсурҳои фарҳангии мардуми вилоят, аз қабили суруду мусиқӣ, сару либос, ҳунарҳои мардумӣ, расму ойин ва таомҳои миллӣ таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷикро муаррифӣ мекунанд, зеро онҳо инъикосгари беҳтарин анъанаҳои ниёгони некноми мо мебошанд.

Табиати нотакрору биҳиштосо, қуллаҳои сарбафалаккашида, Боғи миллии Тоҷикистон, шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Кулма, водии Вахон, кӯлҳои Сарезу Қарақул, чашмаҳои шифобахш ва дигар мавзеъҳои сайёҳии вилоят беҳтарин ҷойҳои сайру саёҳат ва табобату истироҳат барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ҳисоб мераванд.

Бо истифода аз ин имкониятҳо мо бояд Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба маркази бузурги табодули таҷрибаи сайёҳӣ дар минтақа табдил дода, бо риояи анъанаҳои неки фарҳангдӯстиву меҳмоннавозии тоҷикона онро ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ намоем.

Ҳозирини гиромӣ!

Шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир ва паёмадҳои ногувори он, аз ҷумла таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ ҳар яки моро ҳушдор медиҳанд, ки дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан, манфиатҳои миллат ва давлати худ, инчунин, арзишҳои бостонии миллиамон огоҳиву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳем.

Дар ин ҷода мо ҳамеша ба ҷавонон ҳамчун қишри созандаву фаъоли ҷомеа такя мекунем ва ба нақши онҳо дар бунёди давлатдории миллӣ арҷ мегузорем.

Онҳо бояд дар хотир дошта бошанд, ки меросбарони асили наслҳои гузашта ва бунёдгарони имрӯзу фардои Ватан мебошанд ва ояндаи ободу осудаи давлату миллат аз илму дониш, ҷаҳонбинӣ, масъулиятшиносӣ ва мавқеи созандаву устувори онҳо вобастагии мустақим дорад.

Бовар дорам, ки мардуми заҳматпешаи вилоят, аз ҷумла ҷавонони ватандӯст, минбаъд низ бо ҳисси баланди масъулият, ташаббусҳои созанда ва ифтихор аз давлатдории миллӣ барои ободии диёри хеш ва таҳкими иқтидори Тоҷикистони азизамон талош хоҳанд кард.

Бо ибрози эътимод ба ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон бори дигар кулли мардуми шарафманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ табрик гуфта, ба ҳар як хонадони вилоят саломативу хушҳолӣ, рӯзгори ободу осуда ва иқболи баланд орзу менамоям.

Бигзор, офтоби истиқлолу озодӣ дар фазои хонадони ҳар як сокини вилоят ҳамеша нурафшон бошад ва мужда аз фардои неку босаодати миллату давлат диҳад.

Ҷашни ифтихори ватандорӣ ва эҳёи давлатдории миллии тоҷикон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

Ҳамеша саломату комёб бошед!

Сентябрь 27, 2026 19:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаи бунёди муассисаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ 3 корхонаи нави саноатиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст