Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид

Сентябрь 25, 2026 18:25

ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти ҳамоҳангсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин ҷаласаи сатҳи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур (КРТМХ) дар хушкӣ (LLDC) баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, дар ҷаласа кишварҳои аъзо, созмонҳои байналмилалӣ иштирок карда, масъалаҳои марбут ба сиёсати савдо, низомҳои транзитӣ, рушди инфрасохтор, пайвастагии минтақавӣ ва татбиқи барномаҳои махсуси марбута, инчунин дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти гурӯҳро баррасӣ карданд. Ҳамзамон аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии савдо лоиҳаи палтформаи долонҳои транзитӣ муаррифӣ гардида, мубодилаи афкор доир шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 июли соли 2026 ба муҳлати як сол ҳамчун ҳамоҳангсози Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур интихоб гардидааст, дар доираи ҳамоҳангсозӣ ба таҳкими ҳамкории байни кишварҳои аъзо ва пешбурди манфиатҳои муштараки кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ мусоидат менамояд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Сентябрь 25, 2026 18:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд
Афзалияти ҷашни бостонии тоҷикон–Меҳргон тавассути воситаҳои ахбори оммаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини якуми Президенти Эрон мулоқот намуд