ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, сешанбе, 244-умин рӯзи соли 2026 аст

Сентябрь 1, 2026 08:00

1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси сеюми хотимавии Форуми байналмилалии Душанбе оид ба оби тоза баргузор гардид.

***

1 сентябри соли 2010 ба муносибати Рӯзи дониш ва сулҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки нави донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 4 бинои нави таълимиро мавриди истифода қарор дода, бо шароити муосири таълиму тарбия дар онҳо шинос шуданд, бо олимону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вохӯрии ошкорову пурсамар анҷом доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 АМИТ «Ховар» мужда расонид, ки аз ҷониби Иттиҳоди байналмилалии астрофизикон як сайёраи хурди системаи офтобӣ ба хотири саҳми намоёни олимони тоҷик дар рушди астрофизикаи ҷаҳонӣ ва омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ «Тоҷикистон» номгузорӣ шудааст. Шаҳодатномаи «Тоҷикистон» номгузорӣ шудани ин сайёра аз ҷониби собиқ президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид. Бояд гуфт, ки мадори сайёраи Тоҷикистон дар байни сайёраҳои Миррих ва Муштарӣ ҷойгир буда, аз сайёраи Замин дар масофаи 250 миллион км ва аз Офтоб дар масофаи 463 миллион км дурӣ чарх мезанад.

***

1 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тянҷин дар ҷаласаи «Созмони ҳамкории Шанхай-плюс» дар мавзуи «Татбиқи бисёрҷониба, таъмини амнияти минтақавӣ ва мусоидат ба рушди устувор» иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

 1 сентябри соли 2025  мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор гардид.

***

1 сентябри соли 2025  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.

***

1 сентябри соли 2025 дар шаҳри Тянҷин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ (БОСИ) Ҷин Литсюн мулоқот намуданд.

***

Дар ҳамин рӯзи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди суҳбати самимӣ анҷом доданд.

1 СЕНТЯБР:

Дар Тоҷикистон — Рӯзи дониш.

***

Дар Тоҷикистон — Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ.

***

Дар Узбекистон – Рӯзи истиқлолият.

***

Рӯзи ҷаҳонии номанависӣ

РӮЙДОДҲО:

1 сентябри соли 1923 дар натиҷаи заминҷунбии шадид дар Ҷопон зиёда аз 140 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

***

1 сентябри соли 1926 дар Туркия никоҳи шаҳрвандӣ иҷозат дода шуд.

***

1 сентябри соли 1939 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) ифтитоҳ гардид.

***

1 сентябри соли 1948 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 1962 Созмони Милали Муттаҳид хабар дод, ки  аҳолии кураи Замин аз 3 миллиард нафар зиёдтар шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров дар кори Конференсияи чоруми умумиҷаҳонии раисони парлумонҳо дар шаҳри Ню-Йорки Амрико иштирок намуд.

***

1 сентябри соли 2016 масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон, аз ҷумла дар доираи созмонҳои байналмилалӣ – Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баррасӣ гардид.

***

1 сентябри соли 2017  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон профессори фахрии Донишгоҳи Синхуаи шаҳри Пекин интихоб гардиданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1931 дар Тоҷикистон аввалин мактаби олӣ – Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) таъсис дода шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Муҳаммад Осимӣ, соли 1920 — файласуф, доктори илмҳои фалсафа (1971), академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1965), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1978). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1965—1988).

Сентябрь 1, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, душанбе, 243-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, якшанбе, 242-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, шанбе, 241-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, панҷшанбе, 239-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, сешанбе, 237-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, душанбе, 236-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, якшанбе, 235-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, шанбе, 234-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, ҷумъа, 233-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, панҷшанбе, 232-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, чоршанбе, 231-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, сешанбе, 230-юмин рӯзи соли 2026 аст