Талонҳои муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт тавассути портали eKhizmat.tj ба расмият дароварда мешаванд
ДУШАНБЕ, 14.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 15 сентябри соли 2026 талонҳои (варақаҳои) муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт дар шакли электронӣ танҳо тавассути Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ — eKhizmat.tj ба расмият дароварда мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тартиби гузаронидани муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаи нақлиёт тағйир намеёбад. Муоинаи воситаи нақлиёт минбаъд низ ба таври ҳузурӣ дар нуқтаи ташхисии Бозрасии давлатии автомобилӣ /БДА/ гузаронида мешавад. Тавассути портали ягона танҳо ҳуҷҷати ниҳоӣ — талони электронӣ (варақа) ба расмият дароварда мешавад.
Марҳилаи якум — гузаштан аз муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаи нақлиёт дар нуқтаи ташхисии Бозрасии давлатии автомобилӣ мебошад.
Соҳиби воситаи нақлиёт бояд аз санҷишҳои зерин гузарад:
- санҷиши ҳолати техникии воситаи нақлиёт;
- санҷиши мутобиқати партовҳои газҳои ихроҷшуда ба талаботи экологӣ;
- муоинаи тиббии ронанда.
Ҳамзамон ҳангоми гузаштан аз ташхис ронанда полиси суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт (ОСАГО)-ро ба расмият медарорад. Ин марҳила ба таври ҳузурӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида анҷом дода мешавад.
Марҳилаи дуюм — ба расмият даровардани талони электронӣ тавассути Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ — eKhizmat.tj мебошад.
Пас аз гузаштани ташхис зарур аст, ки дар муҳлати 30 рӯз тавассути портали eKhizmat.tj дархост пешниҳод карда шавад. Дар ҳолати гузаштани ин муҳлат ташхиси техникӣ бояд такроран гузаронида шавад.
Барои пешниҳоди дархост танҳо нишон додани рақами давлатии бақайдгирии воситаи нақлиёт кифоя аст. Барои истифода аз ин хизматрасонӣ бақайдгирӣ ҳатмӣ нест: метавон ба ҳисоби худ ворид шуда ё бе бақайдгирӣ ҳамчун «меҳмон» аз хизматрасонӣ истифода кард.
Портал ба таври худкор:
- маълумотро дар бораи ташхиси гузаронидашуда месанҷад;
- пардохти андози нақлиётро тафтиш мекунад;
- маблағи боҷи давлатӣ (ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар соли 2026 ба 156 сомонӣ баробар аст) ва ҳаққи хизматрасониро (50 сомонӣ) ҳисоб мекунад;
- ҳисобномаҳо барои пардохти онлайнро таҳия менамояд.
Пас аз иҷрои ҳама талабот ва анҷоми пардохт талони электронӣ (варақа) ба таври худкор таҳия мешавад. Муҳлати амали он ба муҳлати амали ташхис мувофиқ хоҳад буд.
Ҳамин тариқ, ҳозир шудан ба нуқтаи ташхис ҳамоно ҳатмӣ боқӣ мемонад, аммо барои гирифтани худи талон дигар ба таври иловагӣ муроҷиат кардан зарур нест — он дар шакли электронӣ тавассути Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ — eKhizmat.tj дастрас хоҳад буд. Маълумоти муфассалро бо рақами кӯтоҳи 7177 дарёфт кардан мумкин аст.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






