Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 15.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр зимни мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо вакили Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумӣ, узви Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, академики Академияи илмҳои иҷтимоии Чин Син Гуанчэн масъалаҳои таҳкими робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ, рушди ҳамкории дуҷонибаю минтақавӣ, инчунин вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ ба таҷрибаи рушди босуръати Ҷумҳурии Мардумии Чин, раванди модернизатсия ва индустрикунонӣ, инчунин татбиқи ҳадафҳои дарозмуддати рушди ин кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Иброз гардид, ки таҷрибаи Чин дар самти рушди иқтисод, саноат, истифодаи технологияҳои муосир, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва татбиқи навовариҳо метавонад барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ аҳамияти муҳим дошта бошад.
Гуфта шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин тайи солҳои охир дар рӯҳияи эҳтироми мутақобила, эътимод ва ҳамкории созанда пайваста рушд мекунанд. Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони муҳими стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамкории ду давлат соҳаҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва дигар самтҳоро фаро мегиранд.
Дар ин замина ҷонибҳо зарурати омӯзиши таҷрибаи Ҷумҳурии Мардумии Чин, истифодаи таҷҳизоти муосир ва густариши ҳамкорӣ дар самти омодасозии мутахассисони баландихтисосро муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҷониби Чин афзуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар марҳилаи муҳими модернизатсия қарор дошта, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ ва ташаккули давлати муосир тадбирҳои фарогирро амалӣ менамояд.
Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба вазъи кунунии Осиёи Марказӣ, равандҳои геополитикии минтақа ва масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистону Чин табодули афкор намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя дар фазои сулҳу субот ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ қарор дошта, барои таҳкими минбаъдаи эътимод ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ заминаҳои мусоид фароҳам омадаанд.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи дурнамои ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ






