ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир

Сентябрь 14, 2026 09:14

ДУШАНБЕ, 14.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон фурсати муносибест, ки дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳуриро арзёбӣ намуда, самтҳои минбаъдаи рушди онро муайян намоем. Дар даврони истиқлол саноат тадриҷан ба яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ табдил ёфт. Махсусан, соҳаи кӯҳӣ-металлургӣ, ки бо захираҳои табиии ҷумҳурӣ робитаи мустақим дорад, рушди назаррас пайдо кард.

— Имрӯз мо шоҳиди афзоиши истеҳсоли тилло, нуқра, сурб, сурма ва дигар намудҳои маҳсулоти маъданӣ ҳастем. Агар соли 1991 дар соҳаи маъдан танҳо се номгӯй маҳсулот истеҳсол мешуд, пас имрӯз номгӯйи маҳсулоти ин соҳа ба маротиб афзоиш ёфтааст. Муҳимтарин дастоварди даврони истиқлол на танҳо афзоиши ҳаҷми истихроҷ, балки ташаккули замина барои коркарди ашёи хоми ватанӣ ва рушди саноати муосири металлургӣ мебошад. Ҷумҳурии мо дорои захираҳои гуногуни маъданӣ, аз ҷумла металлҳои ранга, нодир ва қиматбаҳо мебошад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» масъалаи рушди саноат ва истифодаи захираҳои маъдании мамлакат мавқеи муҳим дошт. Таъкид гардид, ки бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ бояд корхонаҳои нав барои коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла маъдан ва металлҳои рангаю нодир таъсис дода шаванд. Аз нуқтаи назари илмӣ, ин раванд бояд ба принсипи истифодаи комплексии ашёи хом асос ёбад. Яъне, аз як тонна маъдан бояд то ҳадди имкон ҳама ҷузъҳои муфид — металлҳои асосӣ ва ҳамроҳ гирифта шаванд.

Яке аз металлҳое, ки солҳои охир ба он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад, сурма мебошад. Сурма дар ҳақиқат яке аз металлҳои муҳими стратегӣ ба ҳисоб меравад. Рамзи химиявии он Sb буда, дар истеҳсоли маводи зидди аланга, хӯлаҳо, нимноқилҳо, пластмасса, маҳсулоти резинӣ, шиша, керамика, аккумуляторҳо ва дигар маҳсулоти технологӣ истифода мешавад.

Аҳаммияти сурма махсусан солҳои охир бештар гардид, зеро талаботи ҷаҳонӣ ба технологияҳои нав, энергетика, маводи махсус ва системаҳои нигоҳдории энергия афзоиш меёбад.

Аз ин рӯ, захираҳои сурма барои Тоҷикистон танҳо сарвати зеризаминӣ набуда, метавонанд ба яке аз унсурҳои муҳими рушди саноати миллӣ ва иқтисоди ба технология асосёфта табдил ёбад.

Тоҷикистон аз рӯйи истеҳсоли сурма дар қатори давлатҳои пешсафи ҷаҳон қарор дорад. Тибқи маълумоти Хадамоти геологии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, соли 2022 Тоҷикистон бо истеҳсоли тақрибан 13 ҳазор тонна сурма дар қатори истеҳсолкунандагони асосии ҷаҳон қарор дошт.

Дар солҳои минбаъда истеҳсолот афзоиш ёфт ва соли 2024 мавқеи Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонии сурма боз ҳам мустаҳкам гардид. Ин барои мо имконияти бузург аст. Аммо бояд таъкид намоям, ки ҷойгоҳи истеҳсолӣ ҳадафи ниҳоӣ нест. Ҳадафи асосӣ бояд коркарди амиқ, истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда ва ворид шудан ба занҷираи байналмилалии истеҳсоли маҳсулоти технологӣ бошад.

Барои Тоҷикистон марҳилаи муҳимтарини рушди соҳаи сурма хеле аҳаммияти калон дорад.

Масалан, дар маъдани сурма метавон консентрат, сурмаи металлӣ, оксиди сурма ва дигар пайвастагиҳои саноатиро истеҳсол намуд. Қадами минбаъда ташкили истеҳсоли маводи махсус ва маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда мебошад.

Имрӯз бе илм ва технологияҳои муосир истифодаи самараноки захираҳои маъданӣ ғайриимкон мебошад. Маъданҳои Тоҷикистон аксаран бисёркомпонента мебошанд. Аз ин рӯ, олимон бояд технологияҳое таҳия намоянд, ки имкон диҳанд металлҳои гуногун аз як ашёи хом бо талафоти кам ва самаранокии баланд ҷудо карда шаванд.

Самтҳои муҳими таҳқиқот метавонанд омӯзиши таркиби минералогию химиявии маъданҳо, коркарди технологияҳои нави ғанигардонӣ, металлургияи истихроҷӣ, коркарди партовҳои истеҳсолӣ ва истифодаи ашёи хоми дуюмдараҷа бошанд.

Мо бояд аз илм ба истеҳсолот гузарем. Яъне натиҷаи таҳқиқоти илмӣ бояд дар лаборатория маҳдуд намонад, балки ба технологияи саноатӣ ва маҳсулоти воқеӣ табдил ёбад.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба омода намудани барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодир ва қиматбаҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст. Ин ташаббусро метавон яке аз қадамҳои муҳими рушди минбаъдаи саноати кӯҳӣ-металлургӣ арзёбӣ намуд.

Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди металлҳои гуногун мебошад. Агар истеҳсол ва ғанигардонии онҳо дар асоси барномаи ягонаи давлатӣ, технологияҳои муосир ва таҳқиқоти илмӣ ба роҳ монда шавад, мо метавонем самаранокии истифодаи захираҳои табииро ба таври назаррас баланд бардорем.

Барнома метавонад барои ҷалби сармоя, рушди корхонаҳои нав, ворид намудани технологияҳои муосир, омода намудани мутахассисон ва афзоиши маҳсулоти содиротӣ заминаи мусоид фароҳам созад.

Барои рушди соҳаи металлургия се самти асосӣ- технология, кадр ва илм муҳим аст.

Аввалан, технологияҳои муосири истихроҷ ва коркарди маъдан бояд ворид карда шаванд.

Дуюм, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос зарур аст. Соҳаи муосири металлургия ба муҳандисоне ниёз дорад, ки на танҳо донишҳои классикии металлургӣ, балки технологияҳои рақамӣ, автоматизатсия, моделсозӣ ва масъалаҳои экологиро низ донанд.

Сеюм, робитаи илм ва истеҳсолот бояд тақвият дода шавад. Донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ бояд бо корхонаҳои саноатӣ ҳамкории мустақим дошта бошанд.

Дар шароити рушди босуръати саноати кӯҳӣ-металлургӣ масъалаи омода намудани кадрҳои баландихтисоси муҳандисиву техникӣ аҳаммияти стратегӣ пайдо мекунад. Зеро рушди технологияҳои муосири истихроҷ, ғанигардонӣ ва коркарди маъдан бе иштироки мутахассисони дорои дониши амиқи соҳавӣ, малакаи истифодаи технологияҳои рақамӣ ва қобилияти кор бо таҷҳизоти муосир имконнопазир аст.

Аҳаммияти ин масъала бо нишондиҳандаҳои рушди саноати мамлакат низ тасдиқ мегардад. Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2025 дар саноати истихроҷи Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 20 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, ҳаҷми истеҳсол нисбат ба соли 2024 36,2 фоиз афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, истеҳсоли маъданҳои филизӣ 36 фоиз зиёд шудааст. Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки бо афзоиши иқтидори истеҳсолӣ талабот ба муҳандисон, технологҳо, металлургҳо, геологҳо, мутахассисони автоматизатсия ва дигар кадрҳои соҳавӣ низ бештар мегардад.

Маҳз бо назардошти чунин талаботи воқеии иқтисоди миллӣ масъалаи мутобиқ намудани низоми тайёр кардани кадрҳо ба эҳтиёҷоти саноати муосир аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ махсус таъкид шудааст. 9 июли соли равон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати мамлакат Сарвари давлат зарурати ба талаботи нави саноатикунонии мамлакат мутобиқ намудани низоми омода намудани кадрҳои муҳандисиву техникиро иброз намуда, нақши Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро дар омода намудани мутахассисони соҳаи металлургияи муосир махсус таъкид намуданд.

Ин таъкид барои муассисаҳои таҳсилоти олии соҳавӣ, аз ҷумла Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аҳаммияти махсус дорад. Зеро имрӯз аз мутахассиси соҳа танҳо донистани асосҳои классикии металлургия талаб карда намешавад. Муҳандиси муосир бояд ҳамзамон бо технологияҳои рақамӣ, автоматикунонӣ, моделсозии равандҳои технологӣ, усулҳои муосири таҳлилӣ, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки захираҳои истеҳсолӣ шинос бошад.

Аз ин рӯ, суханони Пешвои миллатро метавон ҳамчун самти муҳими стратегӣ барои рушди минбаъдаи таҳсилоти муҳандисӣ ва металлургӣ арзёбӣ намуд: «Акнун зарур аст, ки низоми омода намудани кадрҳои муҳандисиву техникӣ ба талаботи нави саноатикунонии мамлакат пурра мутобиқ гардонида шавад.

Дар ин раванд Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бояд ба маркази асосии омода намудани мутахассисони соҳаи металлургияи муосир табдил дода, дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ низ тайёр кардани муҳандисону мутахассисони соҳавиро бо назардошти талаботи воқеии истеҳсолот ба роҳ монанд».

Мазмуни ин таъкид аз он иборат аст, ки байни се унсури асосии рушди саноат — истеҳсолот, илм ва кадрҳо робитаи мустақим бояд вуҷуд дошта бошад. Агар истеҳсолот босуръат рушд кунад, вале низоми тайёр намудани мутахассисон ба талаботи он ҷавобгӯ набошад, истифодаи пурраи иқтидори технологӣ душвор мегардад. Аз ин рӯ, барномаҳои таълимӣ бояд дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ мунтазам таҷдид шуда, таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхонаҳои истеҳсолӣ тақвият дода шавад.

Ҳамзамон рақамҳои рушди саноати металлургӣ нишон медиҳанд, ки чунин талабот танҳо дурнамои назариявӣ нест. Соли 2025 ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард ба 34,6 миллиард сомонӣ расида, аз ҷумла истеҳсоли металлургӣ ва маснуоти тайёри филизӣ 10,6 миллиард сомониро ташкил додааст. Аз ин рӯ, омода намудани кадрҳои муҳандисиву техникӣ бояд ҳамчун яке аз шартҳои асосии рушди устувори саноати металлургӣ баррасӣ гардад.

Дар маҷмуъ, агар захираҳои табиӣ бо неруи инсонӣ, илм ва технология пайваст карда шаванд, саноати кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон метавонад аз марҳилаи афзоиши истихроҷ ба марҳилаи истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда гузарад. Дар ин раванд мутахассисони баландихтисос на танҳо иштирокчии истеҳсолот, балки яке аз омилҳои асосии рақобатпазирии саноати миллӣ хоҳанд буд.

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги табиӣ мебошад, вале муҳимтар аз ҳама мо бояд ин захираҳоро бо ақлу дониш, илм ва технологияи муосир ба маҳсулоти рақобатпазир табдил диҳем.

Ҳадафи мо бояд чунин бошад: Тоҷикистон на танҳо ҷумҳурии дорои захираҳои бойи маъданӣ, балки мамлакати коркардкунандаи ашёи хом ва истеҳсолкунандаи маҳсулоти дорои арзиши баланди технологӣ бошад.

Ҳаёт РАҲИМЗОДА,
мудири кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон,
номзади илмҳои техникӣ, дотсент

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 14, 2026 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Санкт-Петербург 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА УФУҚҲОИ НАВИ РУШДИ ИЛМ. Андешаҳо оид ба ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон ва астрономияи муосир
Дар Тоҷикистон беш аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Ҳавопаймои дуюми Boeing 737-8 MAX-и «Сомон Эйр» ба Тоҷикистон ворид карда шуд
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 5539 гектар шолӣ кишт намуданд
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд