Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд

Сентябрь 1, 2026 10:46

ДУШАНБЕ, 01.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои рушди саноат ва самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) дар мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Намояндаи доимии Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон Ғозӣ Шбайкат баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо вазъи имрӯзаи иқтисодиёти миллӣ, дурнамои рушди саноат ва самтҳои минбаъдаи ҳамкориро муҳокима намуданд.

Бо дахли дастгирии созанда ва ҳамкории дарозмуддат дар татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазир афзуд, ки иқтисодиёти миллӣ рушди устувори мусбатро нишон дода, бахши саноат ҳамчун яке аз омилҳои асосии рушд мавқеи худро нигоҳ медорад.

Марҳилаи якуми Стратегияи миллии саноатикунонӣ муваффақона ба анҷом расонида шуд ва татбиқи марҳилаи дуюми он, ки ба таҷдиди иқтидори истеҳсолӣ ва тавсеаи иқтидори содиротии кишвар нигаронида шудааст, оғоз гардид.

Бахши саноати Тоҷикистон сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда – тарифҳои баланди энергетикӣ, маҳдудияти сӯзишворӣ ва мураккабиҳои логистикӣ устувории худро нигоҳ медорад. Он ҳамзамон самтҳои нави рушдро, аз ҷумла дар соҳаҳои саноати сабук, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ фаъолона ба роҳ мемонад.

Ҷонибҳо барои густариши ҳамкории созанда, пеш аз ҳама, дар соҳаи омода намудани мутахассисон, рушди институтсионалӣ ва тақвияти иқтидор изҳори омодагӣ намуданд.

Хазинаи байналмилалии асъор омодагии худро барои идомаи мусоидат ба Тоҷикистон дар татбиқи барномаи дарозмуддати рушди устувори иқтисодӣ тасдиқ намуд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 1, 2026 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст