Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 11.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 сентябр то 4 октябри соли 2026 дар шаҳрҳои Айчи ва Нагояи Ҷопон Бозиҳои XX Осиёӣ баргузор мешаванд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, имрӯз маросими гусели ҳайати варзишии мамлакат ба Бозиҳои Осиёӣ баргузор гардид.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки баромади ҳар варзишгар дар чунин мусобиқаҳо на танҳо майдони намоиши маҳорати касбӣ, балки василаи муаррифии Тоҷикистон ва арзишҳои миллӣ мебошад.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода иброз дошт, ки натиҷаҳои варзишгарон самараи омодагии ҷиддӣ, меҳнати мураббиён ва талошҳои пайваста мебошанд. Аз ин рӯ, аз ҳар узви дастаи мунтахаби мамлакат масъулияти баланд, маҳорати касбӣ ва садоқат ба Ватан талаб карда мешавад.
Дар идомаи чорабинӣ варзишгар оид ба риштаи бокс Миҷгона Самадова парчамбардори ҳайати мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Дар Бозиҳои имсола аз Тоҷикистон 187 нафар иштирок менамоянд, ки 107 нафар варзишгарон буда, аз рӯйи 22 намуди варзиш ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёӣ дар ҳар чаҳор сол як маротиба баргузор мегарданд. Дар охирин мусобиқа- соли 2022 дар шаҳри Ҳангжоуи Чин ҷудочиёни тоҷик Сомон Маҳмадбеков (-81 кг ) медали тилло, Темур Раҳимов (+100 кг) медали нуқра ва Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






