Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иҷлосияи 81‑уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ (DCO) хонум Дима Ал Яҳя баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самти рушди рақамӣ ва раванди ҳамкории ҷориро баррасӣ намуда, роҷеъ ба сафари дарпешистодаи Дабири кулл ба шаҳри Душанбе табодули назар карданд.
Сироҷиддин Муҳриддин инчунин афзалияти Тоҷикистон, аз ҷумла қаъномаҳои аз ҷониби кишвар пешниҳодшудаи Маҷмаи Умумиро дар самти зеҳни сунъӣ муаррифӣ намуд.
Имконоти ҳамкорӣ дар самти зеҳни сунъӣ, инфрасохтори рақамии давлатӣ, амнияти киберӣ, малакаҳои рақамӣ ва дастгирии стартапҳо низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шурои давлатии Чин Ли Сян баргузор гардид
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбаргузор гузошт
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд
Намояндаи Тоҷикистон бо Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мулоқот намуд
Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд






