Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд

Сентябрь 25, 2026 17:43

ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр дар шаҳри Ню-Йорк дар доираи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон мулоқот карда, дар чорабинии сатҳи баланд иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон Сироҷиддин Муҳриддин ва Субраҳманям Ҷайшанкар доираи васеи масоили муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин замина рушди ҳамкории пойдори ду мамлакат дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ таъкид гардид.

Ҷонибҳо инчунин атрофи ҳамкории ду мамлакат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин 24 сентябр дар шаҳри Ню-Йорк ҷаласаи сатҳи баланди кишварҳои рӯ ба рушди маҳсур дар хушкӣ баргузор гардид, ки дар он Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.

Сироҷиддин Муҳриддин аҳаммияти таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, рушди инфрасохтор ва пайвастагии нақлиётиро барои рушди устувори кишварҳои рӯ ба рушди маҳсур дар хушкӣ таъкид кард.

Ҳамчунин роҳбари ҳайати Тоҷикистон ба таъсири тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва мушкилоти обу энергетика таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, зарурати ҷалби маблағгузории бештарро дар ин самт муҳим арзёбӣ кард.

Дар ҳамин рӯз дар доираи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) иштирок кард.

Зимни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Тоҷикистонро дар иртибот ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, таҳкими ҳамкории кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ва ҳалли масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак ифода намуд.

Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба муҳити зист ва ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об, ба хусус ташаббусҳои Тоҷикистон дар ин росто таъкид шуданд.

Ҳамзамон зимни нишаст масъалаҳои таҳкими ҳамбастагӣ ва ҳамкории кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, ҳифзи сулҳу субот, рушди ҳамкории иқтисодию гуманитарӣ ва дигар мавзуоти муҳими байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

Дар ин иртибот, ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда барои солҳои 2027–2036 ва қатъномаи дахлдори Созмони Милали Муттаҳид дар ин маврид таъкид шуд.

 

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Сентябрь 25, 2026 17:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид