Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Сироҷиддин Муҳриддин ва Аббос Ароқчӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба, ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ, иқтисод ва тиҷорат, инчунин вазъи сиёсию амниятии минтақа табодули афкор намуданд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон бар пояи дӯстӣ, робитаҳои таърихию фарҳангӣ ва эҳтироми мутақобила рушд ёфта, ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкории гуногунҷанба манфиатдор мебошанд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қоҳир Расулзода бо Вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Антон Алихонов мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Лубнон мулоқот намуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар барномаи телевизионии «Оralar»-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ мулоқот намуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж консерти ҳунармандони Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Лубнон Сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
Масъалаи таъсиси намояндагии доимии ЮНЕСКО дар Душанбе баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии ИДМ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи кувайтии «Ал-Қабас» вохӯрӣ намуд
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Роҳбари Дастгоҳи Подшоҳи Урдун вохӯрӣ намуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж конфронси байналмилалӣ оид ба мероси илмӣ ва адабии Умари Хайём доир шуд






