Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр дар доираи ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Қатарро мавриди баррасӣ қарор доданд. Иброз гардид, ки робитаҳои Тоҷикистону Қатар бар пояи эҳтироми мутақобил ва манфиатҳои муштарак рушд ёфта, солҳои охир ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳанг, маориф ва сайёҳӣ густариш ёфтаанд.
Ҷонибҳо нақши муҳими дипломатияи парламентӣ ва гурӯҳҳои дӯстиро дар таҳкими робитаҳои байни ду кишвар таъкид намуда, зарурати идомаи табодули таҷриба, баргузории вохӯриҳои байнипарлумонӣ ва ҳамкории муштарак дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баён карданд.
Ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкории иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, таҳкими робитаҳо байни ҷавонон, занон ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин истифодаи имконияти мавҷуда барои табодули таҷрибаи қонунгузорӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории судманд ва таҳкими робитаҳои дӯстона байни парламентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар изҳори омодагӣ намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобил баргузор гардид.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид






