Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад

Сентябрь 7, 2026 09:12

ДУШАНБЕ, 07.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалисозии  сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз ҷониби мутахассиси тоҷик Парвиз Раҳимзода барномаи мобилии нави ZARZO таҳия гардидааст. Он барои ҳисоб, таҳлил ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ пешбинӣ шудааст. Истифодабарандагон метавонанд дар ин суроға https://apps.apple.com/tj аз ин барномаи мобилӣ истифода намоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Барномаи мобилии ZARZO ба кишоварзон ва соҳибкорон имкон медиҳад, ки пеш аз оғози истеҳсол навъи зироат, минтақа, масоҳати замин, усули парвариш, ҳолати хок, дастрасӣ ба об, навъи гармхона, тарзи обёрӣ, моҳи оғози кишт ва нархи эҳтимолии фурӯшро ворид намуда, нишондиҳандаҳои асосии лоиҳаро ҳисоб кунанд.

Парвиз Раҳимзода гуфт, ки «барнома хароҷоти сармоявӣ, хароҷоти истеҳсолӣ, ҳаҷми эҳтимолии ҳосил, даромад, фоида, боздеҳи сармоягузорӣ, муҳлати бозгашти маблағ ва сатҳи хавфро муайян менамояд. Ҳамчунин дар тарҳи платформа муқоисаи ду нақшаи кишт пешбинӣ шудааст, то корбар фарқи хароҷот, ҳосилнокӣ, фоида ва хавфи онҳоро зина ба зина арзёбӣ карда тавонад. Барномаи мобилӣ инчунин дар асоси маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, ки ба он пайваст мешавад, пешгӯии эҳтимолии 7–10 рӯзи ояндаро пешниҳод мекунад. Дар ҳолати эҳтимоли пастшавии ҳарорат, сармо, борони шадид, барф, азиши шамол ё жола ба кишоварз огоҳии барвақтӣ фиристода мешавад. Инчунин ин барнома барои  телефонҳои мобилии айфон (iPhone) фаъол буда, рӯзҳои наздик дорандагони  дигар тамғаҳои телефонҳои мобилӣ низ аз он истифода бурда метавонанд».

Муассис ва роҳбари лоиҳаи барномаи мобилии ZARZO, унвонҷӯи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон иброз намуд, ки ҳадафи платформа коҳиш додани қарорҳои таваккалӣ дар соҳаи кишоварзӣ мебошад.

«Мо мехоҳем кишоварз пеш аз сарфи маблағ имконият ва хавфҳои лоиҳаи худро арзёбӣ кунад. Барнома фоида ё ҳосили кафолатнок ваъда намедиҳад, балки дар асоси маълумоти воридшуда натиҷаи эҳтимолиро нишон медиҳад. Қарори ниҳоӣ ҳамеша аз ҷониби худи кишоварз, соҳибкор ё сармоягузор қабул мешавад», — афзуд номбурда.


Барнома бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокӣ ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат нигаронида шудааст. Идеяи ибтидоии барномаи мобилии ZARZO аз кори илмӣ дар мавзуи такмили усулҳои иқтисодӣ-математикӣ дар раванди сармоягузорӣ ба истеҳсоли тухмии картошкаи элита сарчашма гирифтааст. Баъдан доираи лоиҳа васеъ гардида, платформа барои истифода дар гармхонаҳо, майдони кушод, боғдорӣ, тухмипарварӣ ва дигар самтҳои кишоварзӣ мутобиқ карда шуд.

Ба таъкиди мутахассисон, он ба ҳисобҳои платформа, маълумоти вориднамудаи корбар, харитаҳои технологӣ, меъёрҳои агротехникӣ, маълумоти иқлимӣ, нархҳои бозор, пешниҳодҳои тиҷоратии таъминкунандагон ва таҷрибаи хоҷагиҳои амалкунанда такя мекунад. Корбар метавонад нишондиҳандаҳои намунавиро бо нарх, хароҷот ва ҳосилнокии воқеии хоҷагии худ иваз намояд.

Яке аз самтҳои пешбинишудаи платформа ёвари зеҳни сунъии ZARZO AI мебошад. Ин низом бояд бо назардошти навъи зироат, минтақа, вазъи обу ҳаво ва марҳилаи нашъунамои растанӣ оид ба обёрӣ, ғизодиҳӣ ва корҳои агротехникӣ тавсияҳои аввалин пешниҳод намояд. Дар оянда корбар метавонад акси растаниро ба барнома ворид карда, нишонаҳои эҳтимолии беморӣ, зараррасон ё норасоии ғизоро таҳлил кунад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки чунин тавсияҳо хусусияти роҳнамоӣ ва огоҳкунанда дошта, ташхиси саҳроӣ, таҳлили лабораторӣ ва хулосаи агрономи соҳибихтисосро иваз намекунанд. Пеш аз истифодаи васеъ алгоритмҳо ва тавсияҳои зеҳни сунъӣ бояд аз нигоҳи дурустӣ ва бехатарӣ санҷида шаванд.

Ин барномаи мобилӣ бо забони тоҷикӣ таҳия шуда, пешниҳоди версияи русии он низ дар назар аст. Дар марҳилаҳои минбаъда илова намудани забонҳои узбекӣ ва англисӣ, дастурҳои видеоӣ, саволу ҷавоби овозӣ ва имконияти кори қисман бе интернет пешбинӣ мешавад. Азбаски таҳияи барнома ҳанӯз идома дорад, дастаи барномаи ZARZO аз корбарон барои камбудию хатоҳои эҳтимолӣ дар марҳилаи озмоишӣ узр хоста, онҳоро ба пешниҳоди фикру мулоҳизаҳо барои такмили минбаъдаи платформа даъват менамоянд.

Гуфта шуд, ки барои анҷом додани ҳисобҳои одӣ пешниҳоди ҳуҷҷатҳои расмӣ талаб карда намешавад. Аммо агар корбар лоиҳаро барои ҷалби сармоягузор, гирифтани маблағгузорӣ, пайдо кардани харидор ё дарёфти мақоми санҷидашудаи барномаи мобилӣ ZARZO пешниҳод намояд, тасдиқи шахсият, санади ҳуқуқи истифодаи замин, маълумот дар бораи дастрасӣ ба об, ҳисобҳои молиявӣ ва иҷозатномаҳои дахлдор зарур мешаванд. Истифодаи маълумоти саҳеҳ метавонад дар оянда барои муайян намудани ҳаҷми истеҳсоли зироат дар минтақаҳо, эҳтимоли норасоии маҳсулот, талабот ба тухмӣ, об, нуриҳо ва маблағ мусоидат намояд. Чунин таҳлил ҳамчунин метавонад дар муайян кардани маҳсулоти дорои имконияти иваз намудани воридот ё рушди содирот истифода шавад. Саҳми платформа дар баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва таъмини амнияти озуқаворӣ бояд марҳила ба марҳила ва дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ ва сохторҳои соҳавӣ арзёбӣ карда шавад.


Барои хонанда ду мисоли кори барномаро пешниҳод менамоем:

Мисоли якум — кишоварз лоиҳа пешниҳод мекунад ва сармоягузор онро маблағгузорӣ менамояд. Фарз мекунем, ки кишоварзе аз шаҳри Ҳисор мехоҳад дар 5 гектар картошкаи барвақтӣ кишт кунад. Ӯ дар барномаи мобилии ZARZO маълумот дар бораи замин, об, тухмӣ, техника, қувваи корӣ, муҳлати кишт ва нархи эҳтимолии фурӯшро ворид мекунад. Барнома тибқи сенарияи шартӣ нишон медиҳад, ки барои лоиҳа 520 ҳазор сомонӣ зарур аст. Кишоварз 200 ҳазор сомонӣ маблағи шахсӣ дорад ва барои 320 ҳазор сомонии боқимонда сармоягузор меҷӯяд. Ҳосили пешбинишуда 125 тонна ва даромади эҳтимолӣ бо нархи миёнаи 6 сомонӣ барои як килограмм 750 ҳазор сомонӣ ҳисоб карда мешавад.

Пас аз замима намудани санади замин маълумот дар бораи об, нақшаи агротехникӣ ва ҳиссаи шахсии кишоварз, лоиҳа дар бахши сармоягузории барномаи мобилии ZARZO ҷойгир мешавад. Сармоягузор нишондиҳандаҳои молиявӣ, сатҳи хавф, сенарияҳои тағйирёбии нарх ва ҳосилнокӣ, хулосаи агроном ва ҷадвали иҷрои корҳоро мебинад. Агар лоиҳа қобили қабул бошад, ӯ метавонад маблағро марҳила ба марҳила ҷудо намояд: қисми аввал барои хариди тухмӣ ва нуриҳо, қисми дуюм баъд аз тасдиқи кишт ва қисми сеюм дар марҳилаи нигоҳубини зироат. Тартиби баргардонидани маблағ ё тақсими фоида дар шартномаи алоҳидаи байни кишоварз ва сармоягузор муайян карда мешавад. Дар модели пешбинишуда барномаи мобилии ZARZO иҷрои марҳилаҳо ва ҳисоботро сабт мекунад, вале ҳосил ё фоидаро кафолат намедиҳад.

Мисоли дуюм — харидори хориҷӣ талабот нашр мекунад ва омода аст қисми истеҳсолро пешпардохт намояд. Масалан, як ширкати харидор аз Қазоқистон дар барномаи мобилии ZARZO эълон ҷойгир мекунад, ки барои мавсими тирамоҳ ба 1000 тонна пиёз ниёз дорад. Дар эълон навъи маҳсулот, андоза ва сифати зарурӣ, бастабандии 25-килограммӣ, муҳлати таҳвил ба шаҳри Шимкент, нархи пешниҳодӣ ва омодагӣ барои пардохти пешакии 20 фоизи арзиши шартнома нишон дода мешаванд.

Кооперативи кишоварзӣ аз вилояти Хатлон ин эълонро дида, дар платформа барои 30 гектар замин лоиҳа месозад. Бо ҳосилнокии шартии 35 тонна аз як гектар ҳаҷми умумии истеҳсол 1050 тонна пешбинӣ мешавад. Барномаи мобилии ZARZO талаботи харидорро бо иқтидори кооператив муқоиса карда, хароҷоти тухмӣ, обёрӣ, нуриҳо, меҳнат, ҷамъоварӣ, бастабандӣ, нигоҳдорӣ ва нақлиётро ҳисоб мекунад. Кооператив ҳуҷҷатҳои замин, дастрасӣ ба об, таҷрибаи истеҳсолӣ ва нақшаи таҳвилро пешниҳод намуда, дархости худро ба харидор мефиристад.

Пас аз санҷиши ҳуҷҷатҳо ва мувофиқаи сифат, нарх, ҳаҷм ва ҷадвали таҳвил харидор метавонад шартномаи пешакии харид имзо карда, 20 фоизи маблағро барои оғози истеҳсол ҷудо намояд. Қисми боқимондаи хароҷот аз ҳисоби саҳми кооператив, сармоягузори дигар ё маблағгузории бонкӣ таъмин шуда метавонад. Дар давраи парвариш маълумот дар бораи иҷрои корҳо, вазъи зироат ва ҳаҷми пешбинишавандаи ҳосил дар барномаи мобилии ZARZO нав карда мешавад. Ин тартиб ба кишоварз пеш аз кишт бозори эҳтимолии фурӯш ва ба харидор имкони назорати омодагии фармоишро медиҳад.

Ба иттилои таҳиягорон, рақамҳои ин ду мисол шартӣ мебошанд. Дар лоиҳаи воқеӣ ҳамаи ҳисобҳо бояд бо назардошти нархҳои рӯз, шароити замин, ҳосилнокии минтақа, хароҷоти нақлиёт, талаботи гумрукӣ ва шартҳои ҳуқуқии байни тарафҳо аз нав ҳисоб карда шаванд.

Ҳадафи барномаи мобилии ZARZO таъсиси экосистемаи рақамии кишоварзӣ мебошад, ки дар он кишоварз метавонад лоиҳаро ҳисоб кунад, нақшаи истеҳсолӣ таҳия намояд, машварат гирад, раванди парваришро назорат кунад, маҳсулоташро ба харидор пешниҳод намояд ва барои лоиҳаи санҷидашуда маблағгузорӣ ҷалб кунад.

АКС аз таҳиягарони барнома

Сентябрь 7, 2026 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд‎
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд