Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд

Октябрь 2, 2026 19:00

ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ “Ховар”/. Дар ҳошияи ҷаласаи 24-уми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо  Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар фазои анъанавии дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва муколамаи созанда, роҳбарони мақомоти назоратӣ вазъияти кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро бо такя ба муносибатҳои деринаи байни ду мамлакат муҳокима карданд.

Ҷонибҳо масъалаҳои расонидани кумаки ҳуқуқӣ дар доираи парвандаҳои ҷиноятӣ, истирдод ва тақвияти ҳамоҳангӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллиро муфассал мавриди баррасӣ қарор доданд.

Яке аз ҷанбаҳои муҳими сӯҳбат баррасии дурнамои густариши чаҳорчӯбаи ҳуқуқӣ, бахусус таҳияи лоиҳаи Барномаи нави ҳамкории байниидоравӣ буд.

АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 2, 2026 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд