«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ДУШАНБЕ, 07.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар мамлакат «Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул карда шуд. Тибқи арзёбии ин барнома, дар Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳии дохилӣ беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари сайёҳӣ мавҷуд буда, барои кашфи мавзеъҳои нав шароит фароҳам оварда шудааст.
— «Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» ба рушди босуръати соҳаи сайёҳӣ дар минтақаҳо барои баланд бардоштани некуаҳволӣ ва сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат намуда, ба ҳифзи таърихи бостонӣ, муаррифӣ ва таблиғоти манзараҳои ҷолиби кишвар, тарғибу оммавигардонии фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани худшиносии аҳолӣ равона шудааст.
Он бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои сайёҳии дохилӣ ва имконияти инфрасохтории давлат тавассути ба роҳ мондани принсипҳои иқтисоди «сабз», таҳкимбахшии заминаи ниҳодии соҳаи сайёҳӣ ва расмикунонии он дар асоси истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии соҳа тавассути рушди сармояи инсонӣ ва амалӣ намудани навовариҳо таҳия карда шудааст.
Вазифаҳои барнома ин баҳодиҳӣ ва талаботи воқеии аҳолии мамлакат ба хизматрасониҳои сайёҳӣ-рекреатсионӣ, муайян кардани омилҳое, ки ба талаботи аҳолии мамлакат нисбат ба хизматрасониҳои сайёҳӣ таъсир мерасонанд, ошкор намудани монеаҳои объективӣ ва субъективие, ки дар Тоҷикистон рушди сайёҳии дохилиро халалдор месозанд, фаъол намудани иштироки воситаҳои ахбори омма барои бештар иттилоотонии аҳолӣ бо зарурати рушди хизматрасонии сайёҳӣ дар мамлакат, таҳлили фаъолияти ҷории муассисаҳои сайёҳӣ-рекреатсионии ҷумҳурӣ ва баҳодиҳӣ ба истифодаи неруи сайёҳии ҷумҳурӣ вобаста ба афзалияти мавҷуда, арзёбии ҷойгиршавии иншоот ва маҷмааҳои сайёҳӣ-рекреатсионӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии соҳаи сайёҳӣ, васеъ намудани имконият барои дарёфти ҷойи кори арзанда ва пурмаҳсул, таъмини дастрасии баробари аҳолӣ ба хизматрасонии сайёҳӣ ба воситаи танзими нархҳои хизматрасонӣ дар соҳа, содагардонӣ ва коҳиши сатҳи маъмурикунонии андози соҳа, истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ дар идора ва хизматрасониҳо, муайянгардонии роҳҳои такмили стандартҳои сайёҳӣ ва истироҳати дохилӣ ва мутобиқати ояндаи онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ мебошад.
Барнома гуногунрангии бозорҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи шинохти давлат дар арсаи байналмилалӣ, мусоидат ба бахши хусусӣ дар ташкили фазои босифати сайёҳӣ ва ҳавасмандгардонии рушди минбаъдаи маҳсулоти сайёҳии дохилиро танзим мекунад.
Тибқи таҳлилҳои ин барнома соҳаи сайёҳии дохилӣ дорои мушкилоти зерин мебошад:
– ба талаботи муосир ҷавобгӯ набудани баъзе инфрасохтори хизматрасонии зарурӣ барои фаъолияти субъектони хизматрасониҳои сайёҳӣ дар мавзеъҳои сайёҳии минтақаҳои ҷумҳурӣ;
– сатҳи нокифояи низоми ҷамъоварии маълумоти оморӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
– мавҷуд набудани нақлиёти зарурӣ дар инфрасохтори мавҷудаи соҳаи сайёҳии дохилӣ;
– мавҷуд набудани низоми маҷмуӣ барои сайёҳони дорои вазъи молиявии баланд ва нокифоягии иттилоот оид ба имконияти сайёҳӣ ва логистика барои онҳо;
– паст будани сатҳи дониш ва фарҳанги роҳбаладону коршиносони ширкатҳои сайёҳӣ;
– мавҷуд набудани завқу манфиат дар рушди сайёҳии дохилӣ байни соҳибкорони соҳаи сайёҳӣ, набудани соҳибкорони маҳаллӣ дар тиҷорати сайёҳӣ бинобар ҷой доштани нобоварӣ ва шубҳа вобаста ба гирифтани даромад;
– мавҷуд набудани хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ барои сайёҳони дохилӣ;
– ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ набудани таблиғот ва маркетинг дар соҳаи сайёҳии дохилӣ;
– нокифоя будани хизматрасонии имтиёзноки бонкӣ барои аҳолӣ ба хотири ташкили инфрасохтори сайёҳӣ;
– мавҷуд намудани хатсайрҳои парвозҳои маҳаллӣ ва гаронарзиши онҳо;
– паст будани сифати хизматрасонии қабули сайёҳон дар минтақаҳо (меҳмонхонаҳо, тарабхона ва ошхонаҳо);
– дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани фарҳанги меҳмондорӣ дар сайёҳии дохилӣ;
– дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани вазъи муассисаҳои тиббӣ ва ҷойҳои истироҳат, инчунин риоя накардани талаботи ҳифзу нигоҳдории чашмаҳо, кӯлҳо, пайраҳаҳои кӯҳӣ ва ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ;
– ба талаботи экологӣ мутобиқ набудани мавзеъҳои сайёҳӣ;
– набудани нақлиёти ҷамъиятӣ дар баъзе минтақаҳои сайёҳӣ;
– нарасидани мутахассисони соҳибихтисос, аз ҷумла роҳбаладони касбӣ, туроператорҳо ва менеҷерони сайёҳӣ;
– номукаммалии барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар оид ба сайёҳӣ.
Барномаи рушди сайёҳии дохилӣ ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар шаҳрҳои таърихӣ, деҳаҳои дорои мероси фарҳангӣ ва мавзеъҳои зебоманзарро пешбинӣ менамояд. Яке аз самтҳои ҷолиб- ин рушди сайёҳии фарҳангӣ ва маърифатӣ мебошад. Саёҳат ба хона-музейҳои шахсиятҳои маъруфи адабиёту фарҳанг, аз ҷумла Мирзо Турсунзода, Садриддин Айнӣ, Сайидалӣ Вализода ва Лоиқ Шералӣ метавонад барои насли нав василаи шиносоӣ бо таъриху адабиёти миллӣ гардад. Ҳамчунин ташкили масирҳои сайёҳии зиёратӣ ба 133 макони муқаддас, оромгоҳ ва мақбара пешбинӣ шудааст.
Рушди сайёҳии дохилӣ маънои онро дорад, ки сокинони мамлакат сарзаминашонро бештар шиносанд. Шиносоӣ бо мавзеъҳои зебоманзару таърихии Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳафткӯл, Искандаркӯл, Чилдухтарон, Сари Хосор, Чилучорчашма, инчунин шаҳрҳои қадимии Ҳисор, Панҷакент, Истаравшан ва Кӯлоб барои шаҳрвандон имконияти бештар фароҳам меорад, то бо табиати нотакрор, таърихи пурғановат ва фарҳанги миллии худ аз наздик шинос шаванд.
Тақвияти чунин самтҳо метавонад ба болоравии фарҳанги сайёҳии аҳолӣ, рушди иқтисоди маҳаллӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва муаррифии бештари имконоти сайёҳии Тоҷикистон мусоидат намояд. Истифодаи оқилонаи ин сарватҳо, рушди инфрасохтор, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани Тоҷикистон ҳамчун мамлакати дорои имконоти гуногунҷанбаи сайёҳӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд






