Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид

Октябрь 1, 2026 08:41

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи 11-уми Шурои мудирони Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Президенти Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ (AIIB) хонум Зоу Ҷиайи баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориро баррасӣ карда, доир ба густариши шарикӣ ва ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок табодули назар намуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба лоиҳаҳои инфрасохторӣ, энергетика, рушди устувор ва пайвастагии минтақавӣ равона гардид.

       АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 1, 2026 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст