Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид

Октябрь 29, 2026 13:54

ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 25-уми Маркази минтақавии RILO-Москва — сохтори  Созмони ҷаҳонии гумрук оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва мубодилаи иттилоот дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа намояндагони мақомоти гумрук ва сохторҳои ваколатдори соҳаи гумруки Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон иштирок намуданд.

Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода оид ба  нақши шабакаҳои алоқаи миллии мақомоти гумруки кишварҳои узви шабакаи минтақавии алоқа оид ба ҳифзи ҳуқуқи Созмони ҷаҳонии гумрук барои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  — RILO-Москваро дар таъмини амният ва суботи кишварҳои узв муҳим арзёбӣ намуд. Ҳамзамон, аҳаммияти фаъолияти ин шабакаҳоро дар самти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ таъкид гардид.

Дар идома нақши ҳамкории байни мақомоти гумрук дар самти табодули иттилоот махсус таъкид  гардид. Инчунин мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи мухаддир ва воситаҳои психотропӣ, силоҳ, асъор, арзишҳои фарҳангӣ, маҳсулоти қалбакӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории мақомоти гумрук арзёбӣ шуд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии истифодаи воситаҳои иттилоотию коммуникатсионии Созмони ҷаҳонии гумрук, аз ҷумла шабакаи иттилоотии гумрукии ҳифзи ҳуқуқи CEN ва платформаи CENcomm, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин иштирокчиён масъалаҳои таҳияи маводи таҳлилӣ ҷиҳати ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ва иштироки мақомоти гумрук дар амалиёти махсуси байналмилалӣ оид ба мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар ва интиқоли ғайриқонунии маҳсулоти тамокуро баррасӣ карданд.

Дар анҷом самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъдаи RILO-Москва барои соли 2027 муайян ва тасдиқ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки RILO-Москва сохтори Хадамоти федералии гумруки Русия буда, мубодилаи иттилооти ҳифзи ҳуқуқро байни давлатҳои иштирокдори ИДМ ва кишварҳои узви Созмони ҷаҳонии гумрук таъмин менамояд. Ин марказ ба Шабакаи глобалии RILO шомил буда, шабакаи мазкур 12 маркази минтақавии алоқа оид ба фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи Созмони ҷаҳонии гумрукро муттаҳид мекунад.

Фаъолияти RILO-Москва аз ҷониби Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ ҳамоҳанг карда мешавад.

       АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 29, 2026 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ — барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд