Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 08.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳо оид ба истифодаи имконоти технологияҳои рақамӣ, рушди зеҳни сунъӣ, ба хусус ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ 7 октябр дар вохӯрии муовини якуми Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Нориён бо роҳбари самти таъсири рақамии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Майлз Ҳасти баррасӣ гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба нақши технологияҳои рақамӣ дар рушди ҷомеа, фароҳам овардани имконияти нави таълимӣ барои кӯдакону наврасон ва зарурати ташаккули муҳити рақамии бехатар табодули андеша намуданд.
Бояд гуфт, ки рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва густариши истифодаи интернет аз кӯдакону наврасон низ талаб менамояд, ки малакаҳои зарурии истифодаи бехатар ва масъулиятноки воситаҳои рақамиро азхуд намоянд. Дар ин раванд баланд бардоштани саводнокии рақамии кӯдакон, омӯзиши қоидаҳои истифодаи интернет ва пешгирии таҳдидҳои эҳтимолии фазои маҷозӣ аҳамияти муҳим дорад.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин барои таҳия ва татбиқи механизмҳои муассири ҳамкорӣ дар самти истифодаи технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ ибрози омодагӣ намуданд.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






