Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид

Октябрь 7, 2026 13:55

ДУШАНБЕ, 07.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид.  Ҳадафи он баланд бардоштани иштироки ҷавонон дар масъалаҳои идоракунии комплексии захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист мебошад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар форум намояндагони ҳаракати ҷавонони «Нозирони сабз» аз кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон, омӯзгорон, коршиносон, мақомоти давлатӣ, шарикони рушд ва дигар ташкилоти манфиатдор иштирок намуданд.

Дар раванди форум иштирокдорон масъалаҳо оид ба истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва рушди устуворро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба нақши ҷавонон ва иштироки амалии онҳо дар ҳалли масъалаҳои экологӣ зоҳир гардид.

Барномаи форум қолабҳои иттилоотӣ ва амалиро муттаҳид карда, дар қисмати амалии форум иштирокдорон модели ҳавзаи дарёи Сирро сохтанд. Он робитаҳои байни захираҳои об, экосистемаҳои табиӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва фаъолияти иқтисодиро ба таври визуалӣ нишон дод.

Дар доираи форум инчунин чорабиниҳои интерактивӣ гузаронида шуданд. Форум ҳамчун платформа барои мубодилаи таҷриба байни аъзои «Нозирони сабз»-и се давлат, муҳокимаи ҳамкории оянда ва ташаббусҳои муштарак хизмат намуд.

Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир — 2026 дар муттаҳид сохтани ҷавонон барои ҳамкорӣ дар соҳаи рушди устувор ва беҳтарсозии вазъи экологӣ дар ҳавзаи дарёи Сир нақши муассир гузошт.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 7, 2026 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид